«РОҒУН». ИСТИҚЛОЛ ВА ИРОДАИ ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

27 август 2025, Чоршанбе
32
Соли оянда аз оғози сохтмони НБО «Роғун» 50 сол пур мешавад ва ин таърихчаи созандагӣ пур аз шебу фарозест, ки дар роҳи истодагарӣ бар рағми ҳама корҳои басо мушкил қудрату иродаи азимеро бозгӯ мекунад. Он ба ду давра – аҳди шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ тақсим мешавад. Ҳарчанд нақшакашии бунёди иншооти мазкур аз соли 1930 ва корҳои омӯзишии он соли 1960 сар мешаванд, вале корҳои асосии сохтмонӣ дар ин ҷо соли 1976 шуруъ гардиданд.
Дар ин бора Агентии миллии иттилоотии “Ховар” моҳи ноябри соли 2018 дар арафаи ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳ маълумоти мушаххас нашр намуда буд. Маълумоти мазкур рӯшангари он аст, ки иншооти бузург аз зери харобазори офатҳои табиӣ ва моҷароҳои сиёсӣ осон раҳо наёфтааст. Масалан, соли 1987 дарғоти Неругоҳ сохта, охири сол маҷрои дарёи Вахш баста шудааст. То соли 1993, аллакай, ду гидротурбина ба майдони сохтмон интиқол ёфта, бунёди сарбанди Неругоҳ ба 40 метр расида, 21 километр нақб канда шуд. Аммо 8-уми майи соли 1993 дар натиҷаи обхезии шадид дар дарёи Вахш сарбанду қисмати зиёди нақбҳо аз байн рафтанд, ки барқароркунии дубора ва навсозиаш заҳмату харҷи бисёрро талаб мекард. Мутаассифона, бо сар задани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон раванди сохтмон пурра қатъ гардид.
То замоне, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи пойдор нарасид, «Роғун» аз «бистари беморӣ» барнахест. Хушбахтона, пас аз солҳои 2000-ум, баъди рӯ ба пешрафт овардани Тоҷикистон масъалаи оғози сохтмони Неругоҳ аз сар гирифта шуд.
Аниқтараш 26-уми сентябри соли 2005 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО «Роғун» дигарбора бо ҷӯшу хурӯши ватандӯстона дар ҳамаи ҷабҳаҳои он: сохтмони нақбу гузаргоҳҳои зеризаминӣ, турбинаҳо, нуқтаҳои ноқилгузар, сарбанд ва ғайра оғоз гардид. Бахшҳои дар натиҷаи обхезии соли 1993 ва офатҳои табиии солҳои дигар харобгардида дубора сохта шуданд.
Ҷумъа Шариф, яке аз собиқадорони Неругоҳ, ки дар ду давра, қариб 40 сол, ин ҷо фаъолият кардааст, зимни суҳбати ихтисосӣ замони истиқлолро марҳалаи наҷоти иншоот аз пурра нобуд шудани он номида буд.
– Вақте соли 2007 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд, дар баробари барқарор кардани баъзе қисматҳои иншоот зарур буд, ки техникаву таҷҳизоти корӣ низ аз нав харида шаванд. Ҳоло дар майдони сохтмони ин иншооти аср шабонарӯз кор ҷараён дорад, ки ба чашм чун як шаҳри нуру рӯшноӣ менамояд, – гуфт номбурда.
Дар даврони дуюми сохтмони Неругоҳ ҳам монеаҳои зиёд бо иродаи бузурги роҳбарияти олии кишвар сарбаландона бартараф шуданд ва моҳи октябри соли 2016 бо иштирок ва саҳми Пешвои миллат маҷрои дарёи Вахш баста шуда, сохтмони сарбанди Неругоҳ оғоз ёфт.
Соли 2018 агрегати якум ва соли 2019 агрегати дуюми он бо тантанаву ифтихори бузурги ватандорӣ ифтитоҳ ёфтанд. Ҳоло корҳо барои бунёди пурраи сарбанд, васлу насби қисматҳои ноқилгузар, ҷойгир кардани трансформаторҳо, пайвасткунии дастгоҳҳо ва ғайра бо суръат идома доранд. Дар кори сохтмон бештар аз 20 ҳазор нафар ва намояндагони зиёда аз 40 миллат ҷалб гардидаанд.
Ба андешаи профессор Холназар Муҳаббатов, ба кор даромадани НБО “Роғун” имкон медиҳад, ки истеҳсоли барқ дар мамлакат тақрибан ба 31-33 миллиард кВт-соат расад. Дар сурати то 23-25 миллард кВт-соат будани талаботи ҷумҳурӣ, қариб 8-10 миллиард кВт-соати барзиёди он содирот хоҳад шуд.
Ҳоло ки обанбори “Роғун” миёни кӯҳсорони бузург сӯи қуллаҳои осмонбӯс доман паҳн мекунад, боз ҳам азамати ин иншооти аср бузургтару ҷаззобтар мешавад. Ин кори бузурги ҳайратовар натиҷаи ҳамон иқдому иродаест, ки соли 2007 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити баъдиҷангӣ маҳз дар майдони сохтмон пеш гирифта шуд ва кор аввал аз поксозии партовҳову рафъи харобазор ибтидо ёфта буд. Акнун он харобазор ба шаҳри нур, манбаи бузурги энергия, даромади иқтисодӣ ва ҳам мавзеи ояндадори сайёҳӣ табдил ёфтааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164