ДАРВОЗ. МО ВА БАРДОШТҲОИ МО

27 август 2025, Чоршанбе
28
Мо – ҳайати 25-нафараи кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои тамошои ёдгориҳои таърихии шаҳри қадимии Карон ва мавзеъҳои диданиву назаррабои “Чорчаман” ва “Зев.С” ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари хотирмоне доштем. Ҳадафи роҳбарияти рӯзнома дар доираи рушди сайёҳии дохилӣ шиносоии кормандон бо мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар ва саҳм дар тарғиби рушди сайёҳии дохилӣ буд.
Ҳанӯз нурҳои Офтоб ба паҳнои замин равшанӣ медод, ки мо аз дарвозаи шарқии пойтахт берун шудем ва ҷониби ноҳияи Дарвоз роҳ пеш гирифтем. То расидан ба Дарвоз аз миёни талу теппаҳо ва даштҳои бекарони тиллоранге гузаштем, ки тамошояшон руҳафзо буд.
Аз миёни мо қаблан чанд нафар ноҳияи Дарвозро дида буданд. Онҳо раҳораҳ доир ба манзараҳои зебову нотакрори Дарвоз ба мо қисса мекарданд ва шавқи мо барои аз наздик тамошо кардани мавзеъҳои сайёҳӣ бештар мешуд.
Пас аз нисфирӯзии 15-уми август мо ба ноҳия расидем. Дар ин сафар «Чорчаман» аввалин маконе буд, ки ба тамошояш шитофтем. Манзараҳои бисёр зебову дилошӯб дорад, ки ба руҳу равони одамӣ оромиш меорад. Пажвоки обҳои ба харсангҳо бархӯрда ба гӯш мерасад ва беихтиёр ба торҳои эҳсос низом меорад. Аз шамидани роиҳаи гулу буттаҳои ин мавзеъ дилхоҳ бинанда ҳаловат мебараду шефтаи ин макон мегардад.
Пас аз тамошои “Чорчаман” барои дидани ёдгориҳои шаҳри қадимии Карон роҳии деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз шудем. Харобаҳои ин шаҳри бостонӣ дар масофаи 8,5 километр аз маркази ноҳия ва дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай, дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд. Шаҳри Карон минтақаи табиатан дастнорас ва ҳифзшаванда аст. Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар гузашта он шаҳри шоҳон ва макони ашроф буда, дар он шоҳ, хешовандон, лашкариён ва хизматгоронаш зиндагӣ мекарданд. Мутаассифона, дар айни боздиди мо вазъи ин гӯшаи таърихӣ қобили тавсиф набуд, ки “Ҷумҳурият” вобаста ба ҳолу ҳавои он матлаберо дар ихтиёри хонандаи худ гузошта буд...
Баъд аз дидани харобаҳои шаҳри Карон, ки, аллакай, Офтоб дар ҳоли ғуруб буд, ба маркази ноҳия баргаштем. Пас аз ҷойгиршавӣ дар меҳмонхона ва хӯроки шом ба тамошои маркази ноҳия баромадему дар ҳавои тоза сайр намудем...
16-уми август. Субҳи имрӯз, аз маркази Дарвоз роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Зев – зодгоҳи Акашариф Ҷӯраев, ҳунарманди шаҳири тоҷик. Деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” аз маркази ноҳия на он қадар дур аст, аммо бемуболиға яке аз маконҳои хуби сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидааст. Дар ин мавзеи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд ёфтааст. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешавад. Ба таъкиди таърихшиносон аз 3 ҳазор сол пеш инҷониб мардуми тоҷик, бахусус сокинони кӯҳистони Бадахшон, дар деҳот ҳамин гуна зиндагӣ мекарданд. Дар деҳаи этнографӣ на танҳо хонаҳои қадимаи мардуми Бадахшон, балки иншооти муосир ҳам сохта шудааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Таҷҳизоти махсуси истеҳсоли гулоб, ки тавассути он аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, атриёт, шароб ва маводи доруворӣ омода мешавад, муаррифӣ гардид. Деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз боду ҳавои форам, чашмаҳои табобатӣ ва манзараҳои табиӣ дорад, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Бешак, ноҳияи хушманзари Дарвоз бо табиати нотакрору ҳаловатбахш, ҳавои форам, минтақаҳои тамошобоб қалби ҳазорон гардишгарони дохиливу хориҷиро тасхир кардааст. Ҳамин аст, ки сол ба сол шумораи сайёҳони хориҷӣ зиёд мегардад.
Шодмон АБДУРАҲИМ, «Ҷумҳурият», суратгир Муҳаммадамин ОДИНАЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164