ДАСТ БА ДАСТ. МУШОҲИДАҲО АЗ ТАҚСИМОТИ “ШОҲНОМА” ДАР МИНТАҚАИ РАШТ
Тақсими китоби мондагори “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ин бор аз минтақаи Рашт оғоз шуд. Мардуми минтақа дар баробари ҷомеаи Тоҷикистон аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстонаву фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қадрдонӣ доранд. Дар рӯзҳое, ки китоб ба ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт расидаву тақсимот дар ноҳияҳои Нурободу Сангвор тоза оғоз шуда буд, мо сафаре доштем ба ин минтақаи зебоманзар. Инак, бардошти мардуми маҳал аз ин иқдоми наҷибро бихонем.
Диловари Мирзо,
нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, сокини ноҳияи Рашт:
“Бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон гуфт, ки ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон беназир аст.
Шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо барои мардон, балки барои занони мо ҳам шуҷоат ва маърифати бепоён мебахшад. Чизе, ки баъди як рӯзи тақсими “Шоҳнома” дар Рашт маро шод кард, муроҷиати пирамардони деҳаи мо – Нимич буд. Онҳо ба ман занг заданду хоҳиш карданд, ки ҳар шом ба чойхонаи маҳалла биёед ва “Шоҳнома”-ро даҳсаҳифагӣ хонеду баррасӣ намоед. Чашмони мо камнур асту хондани он мушкилӣ эҷод мекунад. Ин пешниҳод маро дилгарм намуд, зеро мардум ташнаи фарҳангу адабиётанд ва Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташнагии маънавиро дуруст дарк кардаанд”.
Суҳроб Ваҳҳобниё,
директори МТМУ №13, деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод:
“Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа аст. Ҳадафи чопи китобро Сарвари давлат дар сарсухани китоб “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон” арзёбӣ кардаанд, ки ҳақ асту рост. Минбаъд ин китоби бошукӯҳи таърихи ориёиён набояд дар тоқҳои китобмонӣ ё дар равоқи манзили мо зери чангу ғубор монад, балки омӯзишу хониши он тамрини ҳамарӯзаи мағзу шуури мо бояд бошад. Ин асарро на танҳо пажӯҳишгарони порсизабон, балки муҳаққиқони Ғарб низ шоҳкори адабиёти ҷаҳон донистаанд. Дар ин китоб, ки дар ду ҷилд бо ороиши зебову мунаққаш ба дасти мо расид, ҳикмат, сиёсат, ҳамоса, ватанпарварӣ, таърих, устура, хонадорӣ, ҳимояи марзу бум ҳаст. Фикр мекунем, ки аз оғози соли нави таҳсил дар мактабу муассисаҳо гузарондани озмунҳои хурди "Шоҳнома"-хонӣ айни муаддаост. Сохтани тестҳои махсус аз матни “Шоҳнома”, қироати он, баррасии мазмунаш хеле корсоз хоҳад буд”.
Файзулло Наҷиев,
собиқадори маориф аз ноҳияи Нуробод:
“Мардуми Нуробод бо сарбаландиву шодмонӣ ба нуқтаи тақсими “Шоҳнома” омаданд ва ҳатто навбат истода, ду ҷилди “Шоҳнома”-ро дарёфт мекунанд. Мо аҳли маорифи ноҳияро аз ин ба баъд масъулияти дучанд интизор аст, зеро тарғибу ташвиқи “Шоҳнома”, ҷойгоҳи арзишҳои дар он тараннумшуда дар таъриху тамаддуни тоҷикон дар дӯши мост. Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки гуфта: “Шоҳнома Ватан аст!”. Воқеан ҳам, ин китоб ҷуғрофиё ва ҳама сиёсатҳоро убур мекунад ва мо – порсизабонони дунёро ба ҳам меорад”.
Ташрифулло Саъдуллоев,
рӯзноманигор, сокини ноҳияи Лахш:
“Ба дасти мову фарзандони мо расидани ду ҷилди “Шоҳнома” дар ин шабу рӯзҳое, ки ҷанги иттилоотӣ ба ҳар сурате идома дорад, хеле муҳим мебошад. Дар ин асари пургунҷоиш нозуктарин масоили сиёсӣ, ки имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша вомедорад, баррасӣ мешавад. Муҳимтарин масъалаи китоб ҳифзи марзу буми кишвар аст, ки барои сокинони Лахш чун обу ҳаво зарур аст. Чун ноҳияи мо ноҳияи сарҳадӣ ҳисоб мешавад ва эҳтиёт кардани ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани он кори аслии мост. Бовар дорем, ки хониши саросарии “Шоҳнома” ҳувияти моро бештар, ғурури миллиро поядор ва худи моро хирадманд мекунад, зеро оғози китоб зикри хирад асту бас”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.08.2025 №: 165-166