МЕШАВАД СУРХОБУ ХИНГОБ ОҚИБАТ ВАХШИ БУЗУРГ
(Ғазали ваҳдат)
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан, ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Мардуми Хатлону Раштонанд аз як хоки пок,
Ошноиҳояшон дар ошёни ваҳдат аст.
Дар Бадахшону Зарафшон, дар Хуҷанди бостон,
Худшиносиву худафрӯзӣ тавони ваҳдат аст.
Марзи Вахшону заминҳои барӯманди Ҳисор,
Хурраму сарсабз аз оби равони ваҳдат аст.
Мешавад Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,
Ин баҳамоӣ, нигар, рӯди дамони ваҳдат аст.
Дар ҷаҳон тоҷик афтодаст дур аз ҳамдигар,
Аз парешонии худ дар ормони ваҳдат аст.
Гар сари овози якро дигаре гирад ба меҳр,
Гардад овозе, ки ҷовидон равони ваҳдат аст.
Эй, ки месӯзӣ ба уммеди фурӯғи кишварат,
Дар забону дил яке будан нишони ваҳдат аст.
Хонаи тоҷик рӯшан чун дили тоҷик бод,
Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст!
Меҳмон БАХТӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон
КАМАРОБ
Оинаи пурчилои олам – Камароб,
Афсонаи нотамоми Одам – Камароб.
Ҷону дили худ фидои номаш бикунем,
Ёр аст ба ҷону ёри ҳамдам Камароб.
Бо чашмаву оби бас равонаш, ба Худо,
Бар дарди ҳазорсола марҳам – Камароб.
Наздик ба хешу дур аз ғайр шуда,
Гардида ба ҳусн баски маҳрам Камароб.
Бас шод шавӣ ба хандаи меҳри вафо,
Озод кунад зи банди сад ғам Камароб.
Бо хайру саховаташ бишуд шуҳраи даҳр,
Дар асл бубин, ки ҳаст Ҳотам Камароб.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
РЕШАПАЙВАНД
Соҳиби ин Ватан, на меҳмонам,
Аз ҳама ҷойи Тоҷикистонам.
Ман зарафшонии Бадахшонам,
Ман бадахшонии Зарафшонам.
Ман зи хатлониёни Дарбандам,
Ман зи шуғнониёни Хуҷандам.
Пораҳои дили ман аз Рашт аст,
Гавҳари дидаи ман аз Ашт аст.
Истаравшан умеди равшани ман,
Исфара зодгоҳу маъмани ман.
Тулуи офтобам аз Лахш аст,
Гармии рӯзгорам аз Вахш аст.
Хонаам дар канори Ҷайҳун аст,
Нури фонуси ман зи Роғун аст.
Соғари дасти ман зи Саррез аст,
Аз зулоли ҳаёт лабрез аст.
Гар ба Фархор хонам, овозам
Мерасад то фарози Дарвозам.
Ман зи кӯлобиёни Файзобод,
Ҳафт пушту ҳазору як авлод.
Ҳар чанори Ватан бародари ман,
Буттаи наргисаш чу хоҳари ман.
Чун падар такядори ман кӯҳаш,
Офтобаш ба сар чу модари ман.
Ин ҳама банд-банд пайвандам,
Дар Душанбе – ҳисори дилбандам.
Чунки дар пайкари Ватан ҷонам,
Решапайванди Тоҷикистонам!
Сулаймони АҲТАМ,
ғолиби Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”,
сокини ноҳияи Тоҷикобод
