ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ҶАВОБГАРӢ БАРОИ АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ “ОЗОД” НАМУДАН
Ду сокини шаҳри Душанбе, ки маркази матбуоти ВКД аз онҳо мардони 41 ва 31 сол ном мебарад, ба боварии як зан даромада, 540 ҳазор сомониашро гирифтаанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муайян намуданд, ки ин мардон дар се марҳала маблағи зикршударо аз зани 37-солаи сокини ноҳияи Қубодиён гирифта, ваъда додаанд, ки шавҳарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунанд.
Айни ҳол ин ду нафар ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ (моддаи 247) ва суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо (моддаи 295) гумонбар дониста шуда, нисбат ба онҳо бар асоси ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
13 ҚИМОРБОЗ БА ДАСТИ МИЛИТСИЯ АФТОД
Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд як ҳолати ташкили қиморхона дар шаҳри Хуҷандро ошкор намуда, 13 қиморбозро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, қиморбозон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд манзили истиқоматиеро муваққатан ба иҷора гирифта, дар ҳайати гурӯҳӣ давраи қиморбозӣ ташкил карда, ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд.
Кормандони милитсия ҳайати 13-нафараи қиморбозонро зимни бозии саргармкунанда боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (қиморбозӣ) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ва таъини ҷазо ба суд ирсол намуданд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2025 №: 167