СОҲИБКОРӢ. ЧАРО ШАХСИ ҲУҚУҚӢ КАМ АСТ?
Ҷои шукргузорист, ки бо фароҳам шудани шароит ва фазои мусоиди соҳибкорӣ теъдоди ин қишри ҷомеа рӯ ба афзоиш дорад. Аммо агар ба зиёдшавии соҳибкорон аз лиҳози сифатӣ назар намоем, на чандон натиҷаи дилхоҳро мебинем, зеро аксари соҳибкорони мо дар сатҳи соҳибкори хурд ё миёна фаъолият доранд ва шахсони ҳуқуқӣ, яъне онҳое, ки соҳиби корхонаву истеҳсолот бошанд, хеле каманд.
Масалан, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба зиёда аз 375 ҳазор мерасад, ки аз ин ҳамагӣ 10 дарсад ё 35573 нафар шахси ҳуқуқӣ мебошад. Тақрибан 90 дарсад ба ҳайси соҳибкори хурду миёна фаъолият мекунанд, ки доираи кории ин гурӯҳи соҳибкорон маҳдуд буда, дар муқоиса ба шахсони ҳуқуқӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми ночиз доранд.
Аз теъдоди умумии соҳибкорон ҳамагӣ 10 дарсад ё каме бештар аз ин шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки таъминкунандаи асосии даромадҳои буҷетӣ маҳз ҳаминҳоянд. Аммо чаро фақат 10 дарсади соҳибкоронро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд? Бо ин ҳол рушди бахши хусусиро чӣ гуна таъмин кардан мумкин аст? Барои бештар гардидани шахсони ҳуқуқӣ, ки сарчашмаи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва манбаи ғанигардонии буҷети давлатӣ мебошанд, чӣ монеаҳо вуҷуд доранд?
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, гуфт, ки мо ҳавасмандем бештари соҳибкорон рушд ёфта, ба шахси ҳуқуқӣ табдил шаванд.
– Ҳоло барои он ки соҳибкорони хурду миёна ба дараҷаи шахси ҳуқуқӣ расанд, албатта, баъзе шарту талаботе ҳаст, барои онҳо тавсеаи фаъолият мушкил афтодааст. Аз ин рӯ, бисёри соҳибкорон барои осонии кор беҳтар медонанд, ки дар шакли соҳибкори хурд ё миёна фаъолият намоянд. Албатта, афзоиши шумораи шахсони ҳуқуқӣ ба назар мерасад. Масалан, давоми шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шахсони ҳуқуқӣ 1151 нафар афзудаанд. Аммо ин ҳанӯз қонеъкунанда нест, мо кӯшиш мекунем, ки бо роҳи осонтар намудани фаъолиятҳо дар шакли шахси ҳуқуқӣ ин шумораро бештар гардонем ва ба рушди бахши хусусӣ такон бахшем. Аз ҷумла, дар ин маврид мо ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳодҳо ироа намудем, – гуфт номбурда.
Вақте ки соҳибкор ба шахси ҳуқуқӣ табдил меёбад, барои ӯ ва ҳам иқтисоди миллӣ фоидаҳои зиёде ба бор меояд. Аз ҷумла, шахсони ҳуқуқӣ барои густариши фаъолияти худ метавонанд бевосита сармояи хориҷӣ ҷалб намоянд. Дар ин маврид Султон Раҳимзода, изҳор дошт, ки, воқеан, яке аз омилҳои асосии ҷалби сармоя фаъолияти натиҷабахшу ботартибонаи шахсони ҳуқуқист. Агар онҳо ҳисоботи молиявӣ ва нақшаҳои дурусти корӣ ба роҳ монанду натиҷаҳои воқеӣ нишон диҳанд, имкони ҷалби сармоя ё дарёфти шарикони рушд барояшон бештар мегардад. Ин гуна шахсони ҳуқуқӣ метавонанд дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми бузургтар гузоранд.
Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сабаби ба таври дилхоҳ зиёд нашудани шахсони ҳуқуқиро дар зиёд будани имтиёзҳо барои соҳибкорони хурд мебинад.
– Азбаски дар Кодекси андоз имтиёзҳо барои соҳибкорони хурд зиёд аст, бисёри шахсон мехоҳанд, аввал, дар шакли соҳибкори хурд фаъолият намуда, сипас, ба шахси ҳуқуқӣ табдил шаванд. Ба ин хотир, бо баъзе тағйирот дар Кодекси андоз талабот барои шахсони ҳуқуқӣ низ сабук карда шуданд ва умедворем, ки ба ин васила, теъдоди онҳо рӯ ба зиёдшавӣ меорад, – гуфт номбурда.
Ҳарчанд муовини раиси Кумита фаъолияти соҳибкории хурдро қадаме ба сӯи шахси ҳуқуқӣ медонад, аммо солҳо боз бисёре аз соҳибкорони хурд дар як шакл истода, барои густариши фаъолияти худ қадаме намегузоранд. Ҳол он ки онҳо назар ба шумораашон дар таъмини даромадҳои буҷетӣ саҳми ночизе мегузоранд. Ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар, такягоҳи асосии даромадҳои андозӣ маҳз соҳибкорони калон ё шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур, 8-уми август зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамагӣ 40 субъекти соҳибкории фаъолияташон калон (шахсони ҳуқуқӣ) 45 дарсади қисми даромади буҷетро таъмин намуданд.
Маълумоти пешниҳодкардаи раиси Кумитаи андоз дар мавриди саҳми бузурги шахсони ҳуқуқӣ дар таъмини даромади буҷети давлатӣ далолат ба аҳамияти бештари онҳо барои рушди иқтисоди миллиро дорад. Ҳол он ки шахсони ҳуқуқӣ на танҳо буҷети давлатро ғанӣ мегардонанд, балки барои фаровонии истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои кор нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, ба таври бечунучаро мусоидат кардан ба рушду афзоиши онҳо, аз ҷумла аз тариқи сабукиҳои андозӣ ё қарзҳои арзони молиявию лизингӣ, беҳтар аз он аст, ки барояшон талаботи зиёди монеасоз вуҷуд дошта бошад. Масалан, чӣ мешавад, ки талаботи андозию гумрукӣ бо назаргирии пешравии тадриҷии соҳибкор, хусусан дар самти тавлидот, барои ӯ боз ҳам сабуктар шавад? Яъне, ӯ ҳамон андоза пеш рафт, ҳамон қадар барояш сабукиҳо, имтиёзҳо ва дастгириҳо фароҳам гардад, то соҳибкор тавонад доираи фаъолияташро бузургтар гардонад. Вақте доираи фаъолияти онҳо калон мешавад, мусаллам аст, ки вобаста ба даромадашон дар таъмини даромади буҷети давлат низ саҳми бештар мегузоранд. Дар ин хусус масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар шояд назари дигар доранд?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
