ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИ ЁРОН ЁД МЕОРЕМ...

ЗИ ЁРОН ЁД МЕОРЕМ...

03 май 2023, Чоршанбе
14
0

Якояк ва паси ҳам пеши назар меоянд, бо ҳамон табассумҳо ва хандаҳои ширин. Бешак, бархе ҷиддиянд ва дар андешаи иҷрои корҳои муҳим барои равнақу пешрафти фарҳанг, ҷаҳонӣ шудани мусиқии касбӣ, шиносондани миллат бо арзишҳову анъанаҳои неку бузургаш мебошанд. Як зумраи дигар барои эҷоди асарҳои адабиву бадеӣ, нақди онҳо, шинохти сара аз носараанд. Ман бар ин ҳама салом мегӯям. Салом мегӯям ба Убайдулло Раҷаб, Раҳмондӯсти Қурбониён, Чилахон Холов, Зафар Нозимов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҷамшед Исмоилов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷӯрабек Назриев, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Беҳрон Меҳробов, Низом Нурҷонов, Муъмин Қаноат, Гулназар, Лоиқ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Соҳиб Табаров ва даҳҳо аҳли адабу ҳунар. Мисли ин аст, ки мепурсанд: «Оё моро ба ёд меоред?»
Садои Соҳиб Табаров, мунаққиди асил, адабиётшиноси забардаст, устоди сахтгиру мушфиқу ғамхор, аз он дуриҳо, дуриҳои солу давр ба гӯшам мерасад: «Ғами мутаваффоёнро бихӯред, ҷонҳои ман, азизони ман. Зиндаҳо бо ҳазору як роҳ барои худ, нашру тарғиби асарҳояшон талош меварзанд. Рафтагон, мурдаҳо барои худ коре карда наметавонанд. Онҳо ба умеди моанд. Оре, чун ба хотири мо зистанд, эҷод намуданд». Ман наметавонам посух бигӯям, ки «фаромӯш нашудед, аммо мо андак фориғбол шудем, балки дар андешаи худ афтодем. Аммо медонем, ки пас аз соле Шумо, устод Соҳиб Табаров, 100 – сола мешавед. Имсол Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба синни 70 қадам мегузорад. Чилу ҳафт сол дошт, ки ба қатл расид. Агар то ба имрӯз мезист, боз беҳтарин асарҳояшро эҷод мекард.
Низом Нурҷонов имсол 100-сола шуданд, аммо ба таври шоиста ҳанӯз ин санаро таҷлил накардем, асарҳояшро пурра ба табъ нарасондем. Оре, мо – зиндагон аз ҳамаи шумо қарздорем. Шумо дар рӯйхати мурдагон нестед, барои мо ҳамчунон зиндаед, зинда.
Зи ёрон ёд меорем,
Ёрони ҳунар, фарҳанги бас воло,
Зи арбобон, ки умре андар ин роҳ
Роҳ рафтанд,
Ҷон супурданд...

Агарчи он ҳама дар чашми мо хомӯш меоянд,
Куҷо хомӯши хомӯшанд?
Магар овози дарёву насим овози онҳо нест?
Магар ин сабзаҳо,
Гулҳои навруста
Яке аз рози онҳо нест?...
Таъкиди шумо барои омӯзишу пажӯҳиши бойгониатон, баҳои дурусту беғаразона додан ба эҷодатон ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудааст. Фарҳангу адабу маорифи кишвар бе иҷрои ин амалҳо ҳаргиз рушд нахоҳад кард, шинохта нахоҳад шуд. Агар кори дурусту хайреро дар ин зимн анҷом намедиҳем, насли нав, пасиниён ба ин соҳаҳо ҳаргиз бо муҳаббат ва ҷиддият рӯ нахоҳанд овард».
Пас аз ин буд, ки беихтиёр ангушт ба телефони ҳамроҳ (мобилӣ) бурдам. Рақамҳои як дӯсти даврони кӯдакиямро чидам. Овози занонаи ӯ аз он тараф пирона ба гӯшам расид ва дар ин ҳол як ғамаке чун як гардаке рӯи дидаву дилам нишаст. Чанд сол пештар ӯ рақамҳои телефони маро бо ҷустуҷӯҳои зиёд ёфта ва занг зада буд. Азбаски нашинохтамаш, гуфт: «Ба хотир биёр, мову ту аз як дег, деги бузург чанд сол хӯрок хӯрдаем». Дарёфтам, ки бо ман он солҳо, солҳои 70 – ум дар мактаб – интернат таҳсил мекардааст. «Фаромӯш кардӣ? Мо – ҳама ятимон дар як ҷо зистем, хондем, ба воя расидем. Ҳангоми хатми ин мактаби 8 – сола бо либосҳои хонаи ятимон рафтем, роҳҳои душвори зиндагиро бе ёрии волидайн пушти сар кардем». Ба ростӣ, ҳеҷ нашинохтамаш, аммо ба хотири озурда нашуданаш гуфтам: «Ба ёд овардам, ҳамаро ба ёд овардам, ҳатто бозиҳоят, баромадҳоят дар озмунҳои мактабӣ дар пеши назарам ҳастанд». Хурсанд шуд ва гуфт: "Як рӯз бо ҳам дидор мебинем, он рӯзҳоро, рӯзҳои сахтро, аламҳои ятимиро ёд мекунем". Аҷаб он, ки рӯзгор ин гуна як рӯзро наовард. Аммо аз ин ҳеҷ ғамгин нашудам. Ёди он рӯзҳо, эҳсос мекардам, ки захмҳои куҳнаро тоза месохт. Дирӯз ин ҳақиқат боз собит шуд. Вақте ба ӯ занг задам ва аз ҳоли чанд ятим, ятимоне, ки пеши назарам омаданд, пурсон шудам, посух дод, ки ҳама фавтидаанд. Дигар пеши роҳи оби чашмамро натавонистам, ки бигирам ва телефонро бе «хайру хуш», яъне бе видову бе баёни «ба умеди дидор» хомӯш кардам. Онҳо ҳар кадоме боз аз нав, якояк, паси ҳам пеши назар омаданд, бо ҳамон чеҳраҳои кӯдакона, хандаҳои беғаш ва умедҳои зиёд.
Боз овози устоди меҳрубонам Соҳиб Табаров ба гӯшам расид, ки барои 100 нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ аввали солҳои 80 – уми асри рафта гуфта буд: «Ҳамаи ҳамсабақони ман, ҳамсолони ман, дӯстони ман дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳалокат расиданд. Ман танҳо мондам. Ранҷи ин танҳоиро танҳо худам медонаму эҳсос мекунам. Аммо қавл додам, ки ба ҷойи онҳо зиндагӣ мекунам, кор мекунам, ба Ватан хидмат менамоям». Тарси ман ҳолиё аз он аст, ки ин устод аз мо бипурсад: «Шумо чӣ кардед, чӣ сон зистед?» Аслан, тарс на аз пурсиш аст, тарс аз ҷавоби дурусту шоиста надоштани мо аст. Танҳо ин қадар гуфта метавонам, ки «Руҳатон шод бод! Мо ба ҷойи шумо зиндагӣ мекунем, ба Ватан хидмат менамоем». Мегӯям ва баъд таъкид мекунам: «Масъулиятро, масъулияти инсонӣ, шаҳрвандиятро содиқона, ошиқона ба ҷо биёр!»

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив