ДАВЛАТДОРӢ. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ

Истиқлол на танҳо рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, балки воқеияти ҳастии ҷомеаи тоҷик мебошад. Ин падида ифодагари танҳо озодии сиёсӣ нест, балки имкони худшиносӣ, худсозӣ ва маъноофаринии миллӣ мебошад. Дар ин замина, дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи тандурустӣ, бавижа дар самти саратоншиносӣ, на танҳо ба сифати натиҷаи сиёсати давлатӣ ба солимии миллати хеш, балки ҳамчун таҷассуми масъулияти таърихии бошандагони ин қаламрав ба ояндаи хеш арзёбӣ мегарданд.
Маҳз аз шарофати истиқлол аст, ки Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ имрӯз ба як қуллаи илмӣ ва клиникӣ табдил ёфтааст, ки дастовардҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегарданд. Бо дастгирии давлат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ усулҳои ҷарроҳии нав, табобати кимиёвӣ ва нурӣ, инчунин, таҳқиқоти имуногистохимиявӣ ва генетикии омосҳо ҷорӣ гардидаанд. Ин ҳама қадамест дар роҳи ба воқеият табдил додани масъулияти давлат дар баробари ранҷу дардҳои мардуми хеш.
Бо ҷорӣ намудани технологияи муосир аз ҷарроҳиҳои эндовидеоӣ то системаи электронӣ ва протоколҳои миллӣ соҳаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон дигар на танҳо пайрав, балки ҳамқадами ҷаҳони муосир гардид. Ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз ҷониби олимони Марказ рамзи он аст, ки илми тоҷик ба зинаи нав баромадааст.
Соли 2025 бо тасдиқи «Барномаи давлатии назорат ва пешгирии бемории саратон барои солҳои 2025-2029» саҳифаи нав дар таърихи тандурустии кишвар боз шуд. Ин барнома нишон медиҳад, ки истиқлол танҳо як дастоварди таърихӣ нест, балки шароити эҷоди сиёсати давомдор, муассир ва оянданигар мебошад. Бо таъсиси «Иттиҳодияи саратоншиносони Тоҷикистон» ва маҷаллаи илмии «Саратоншиносии Тоҷикистон» минбари миллӣ ва ҷаҳонӣ барои муколамаи илмӣ фароҳам оварда шуд.
Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, бахусус саратоншиносӣ, намунаи возеҳи он аст, ки истиқлол ҳамеша бо масъулият, худшиносӣ ва виҷдон пайванд дорад.
Акбар МУРОДЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии
илмии саратоншиносӣ,
номзади илмҳои тиб
