ДАШТИҶУМ. ОСОИШ ДАР СОЯИ КӮҲҲО
Мамнуъгоҳи давлатии табиии "Даштиҷум" ганҷури зиндаи табиат буда, баландтарин парваришгоҳи ҳайвонот, парандаҳо ва набототи нодир дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон дар фарози қуллаҳост. Релйефи мураккаби он боиси зуҳури гуногунии биологӣ гардидааст, ки аз ин ҷиҳат дар миқёси олам ҷойгоҳи вижа дорад.
Мамнуъгоҳ аз тарафи рости дарёи Панҷ, дар баландии аз 700 то 3 ҳазор метр аз саҳти баҳр дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷой гирифтааст ва 19 ҳазору 700 гектар масоҳати ҳифзшаванда дорад.
Дарёҳо ва чашмасорони зиёде, ки ин ҷо ҷориянд, боис шуда, то олами набототи Даштиҷум хеле ғанӣ гардад. Мамнуъгоҳ зиёда аз 840 рустании маъмулӣ ва нодир дорад, ки 39 хели он дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷо шудааст.
“Дар Мамнуъгоҳ 63 намуди гиёҳи шифобахш, ки фақат хоси ҳамин минтақа мебошад, мавҷуд аст. Масалан, сиёҳалаф, гӯши бузак, модел, зираи бухороӣ, савсани кӯҳӣ, гули сиёҳгӯш, лолаи ҷангалӣ, мухаллас, бӯйимодарон, чойкаҳак ва ғайра”, - мегӯяд номзади илмҳои кишоварзӣ Маҳмадшариф Мадаёмов, муовини директори Мамнуъгоҳ оид ба корҳои илмӣ.
Дар Мамнуъгоҳ 233 намуди ҳайвонот, аз ҷумла 17 хел ҳайвони нодир, ҳаст, ки беш аз 32 навъаш шомили Китоби Сурхи Тоҷикистон ва ҷаҳон шудааст. Аз ширхӯрон 52 намуд, аз парандагон 239 намуд, аз хазандагон 28 намуд, аз обхокиҳо 14 намуд ва моҳӣ 8 намуд.
Яке аз ҳайвонҳои нодири Мамнуъгоҳи Даштиҷум, ки кормандони ин ҷо бо зиёд будани он ифтихор мекунанд, бузи пармашох (морхӯр) аст. Тақрибан дар ду даҳсолаи охир саршумори он ба 1000-1500 расидааст, ки ин дар миқёси ҷаҳон баъд аз Покистон натиҷаи беҳтарин аст.
“Вақте ки соли 1983 Мамнуъгоҳро ташкил карданд, 60 сар бузи пармашох мавҷуд буд. Мақсад аз он зиёд кардани саршумори бузи пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва бабри барфӣ буд, ки бисёр нодиранд”, - иброз дошт Маҳмадшоҳ Қодиров, сармутахассиси Мамнуъгоҳ.
Пармашохҳо дар баландии аз 800 то 3 ҳазор метр дар кӯҳу шах ва дар ҷангалҳои анбуҳ зиндагӣ мекунанд. Фақат зимистон барои дарёфти алаф ба доманакӯҳ мефароянд. Дарозиаш 150-170 сантиметр буда, аз 170 то 190 кило вазн мегирад. Шохҳояш аз 80 то 110 сантиметр месабзанд.
Нигоҳубини ин табиати зебо ба дӯши беш аз 40 корманди Мамнуъгоҳи давлатии табиии "Даштиҷум" аст. Кормандон идораи барҳаво ва дигар шароити заруриро дар ихтиёр дошта, меҳмонхонаю осорхона баҳри қабули сайёҳон омодаанд.
Дар иҷрои ҳифзи табиат ёрдамчиёни беминнати кормандони Мамнуъгоҳ сокинони деҳаҳои атрофи он ҳастанд.
“Халқ бояд табиатро ҳифз намояд, зеро зиндагонии ҳамаи мо дар оғӯши табиат аст. Вақте ки сайёҳон зиёд меоянд, ин ба фоидаи ҳамаи мост”, - таъкид месозад Намоз Қодиров, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-юми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Паҳлуи дигари фаъолияти кормандони Мамнуъгоҳ гузарондани таҷрибаю таҳқиқоти илмӣ мебошад. Олимон Мамнуъгоҳи "Даштиҷум"-ро лабораторияи табиӣ медонанд, зеро таносуби экосистема аз ҷангал то алафзор, аз дараҳо то баландкӯҳҳо, аз ҳайвоноту парандаҳо то ҳашарот имконият медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ оид ба гуногунии биологӣ ва муҳофизати табиат анҷом дода шаванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179