ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТИ ДОРУСОЗӢ. ЧАРО ПРОБЛЕМАҲО АЗ БАЙН НАМЕРАВАНД?!

САНОАТИ ДОРУСОЗӢ. ЧАРО ПРОБЛЕМАҲО АЗ БАЙН НАМЕРАВАНД?!

04 май 2023, Панҷшанбе
139
1


Бо таъсири тағйирёбии иқлим, иваз шудани таркиби маҳсулоти хӯрока, афзоиши аҳолӣ ва чандин омилҳои дигар талаботи инсон ба дору рӯз то рӯз меафзояд. Вобастагӣ ба дору чунон зиёд  гаштааст, ки баъзе одамон қариб ҳар рӯз дору истеъмол мекунанд. Дар зарфи ду соли охир бинобар зиёд будани талабот ба ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 84 миллион доллари амрикоӣ доруворӣ ворид шудааст. Саноати дорусозии мамлакат ҳанӯз қодир нест ин миқдор талаботи аҳолиро ба дору таъмин намояд. 
Дар вазъи ҳозираи сиёсии ҷаҳон агар интиқоли доруворӣ аз як давлат ба давлати дигар маҳдуд шавад, норасоии он, пеш аз ҳама, дар кишвари мо ба мушоҳида мерасад, чунки қариб 90 дарсади ин номгӯи маҳсулот воридотист. Бо назардошти дарки муҳимияти вазъ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот барои таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, ҳамчунин, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешанд. Мувофиқи маълумоти расмӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 55 корхонаи ватанӣ 540 намуд дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол менамоянд, ки нисбат ба соли 2021-ум 6 корхона, 50 номгӯи дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад. Аз 540 намуди маҳсулоти истеҳсолшуда, қисми бештарро молҳои тиббии ёрирасон, аз ҷумла маҳлулҳои дезинфексионӣ ва доруи дар шакли шарбат ташкил медиҳад. Дору ба монанди ҳаб (таблетка) ҳанӯз ҳаҷми ками истеҳсолотро фаро мегирад. Дар робита ба ин, сардори шуъбаи стандартонии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Хусрав Халифаев, изҳор дошт, ки саноати дорусозии мамлакат акнун дар марҳилаи аввали коркард ва истеҳсоли маҳсулот қарор дошта, ҳоло чанд корхонаи истеҳсолӣ, аз қабили ҶДММ “Евро Дез”, Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Табиати дармонбахш”, ҶДММ “Сафо-фарма”, ҶДММ “МЛМ ФАРМ”, ҶДММ “Тоҷикистон табиб доруот”, ҶДММ “Мероси Сино” ва амсоли инҳо, муваффақ шуда истодаанд. 
Ба гуфтаи номбурда, барои то дараҷаи ниҳоӣ, яъне бештар дору дар шакли ҳаб истеҳсол кардан, вусъат бахшидани коркарди ашёи хоми ватании гулу гиёҳҳо зарур мебошад. Агар андеша намоем, ки аз саноати дорусозии мамлакат чиро метавонем ба ҷаҳон ҳамчун бренди миллӣ пешниҳод созем, албатта, ин доруҳои аз гиёҳҳои табиӣ тайёршуда мебошанд, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаанд. Бо ин мақсад, аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ  рустаниҳои дар кишвар рӯида мавриди омӯзиш қарор гирифта, хулоса гардид, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон рустаниҳои бисёр бою серғизо, аз ҷумла дорои равғани эфир, зиёд буда, онҳо дар ҷаҳон серхаридоранд. Ба монанди шираи камол ва дигар гиёҳҳо. Аз ин хотир, ҳоло ба масъалаи коркарди гулу гиёҳҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, аз ин ҳисоб ба бозори ҷаҳонӣ баровардани лоақал аз 10 то 20 номгӯи маҳсулот метавонад саноати дорусозии мамлакатро то як андоза рушд диҳад. 
– Барои беҳбудии саноати дорусозӣ бисёр монеаҳо садди роҳанд, – таъкид дошт Хусрав Халифаев. – Аз ҷумла, норасоии маблағи гардон ва набудани мутахассисони баландихтисос, ба монанди муҳандис-технологҳои истеҳсолоти фармасевтӣ, мушкил эҷод мекунад. Дору, аслан, аз гиёҳҳо тайёр мешавад. Дар бобати дуруст шинондани гулу гиёҳҳо ва аз онҳо гирифтани шираи шифобахш мутахассисони пуртаҷриба каманд. Илова бар ин, масъалаи ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани раванди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳалли худро наёфтааст. Ҳанӯз ҳам дар истеҳсолот моҳияти ҷорӣ намудан ва риоя кардани талаботи стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарӣ дуруст дарк карда намешавад. Дар ҳоле ки стандартҳои миллӣ бояд бо стандартҳои байналмилалии (амалияи муносиби истеҳсолӣ – GMP ва амалияи муносиби клиникӣ – GCP ва амалияи муносиби озмоишӣ – GLP) мутобиқ бошанд. 

АЗ ВОРИДОТИ ДОРУВОРӢ ТО БЕАСОС  БОЛО БУРДАНИ НАРХҲО

Бо назардошти ҷой доштани чунин масъалаҳои ҳалталаб ширкатҳои дорусозӣ роҳи осони харидуфурӯши дору ва молҳои тиббиро пеш мегиранд, ки даромади хуб дорад. Аз ин ҷост, ки саноати дорусозӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, қисми зиёди ин маҳсулот аз кишварҳои Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Литва ва Чин ворид мегарданд. Маҳз аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ баъзан дар дорухонаҳо хавфи ҷо шудани доруи бесифат ва ҳолати беасос боло бурдани нархҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ин лиҳоз, доруворӣ, ки ба номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ шомил аст, он аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ танзим карда мешавад. 
Тавре аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои танзими давлатии нархи маҳсулоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ, инчунин, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, пеши роҳи беасос боло бурдани  нархҳо ва омилҳои таъсиррасонии давлатӣ дар мавриди болоравии нархи молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо гирифта мешавад. Пеш аз ҳама, мувофиқи меъёрҳои танзимкунанда барои субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ вобастагӣ доранд, сатҳи ниҳоии даромаднокӣ то 10 дарсад ва барои субъектҳои хоҷагидори воридкунандаи он то 8 дарсад аз 15 июли соли 2022 то 30 июни соли 2023 муқаррар карда шудааст.

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ МУКАММАЛ НЕСТ

Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025 тамоми уҳдадориҳо, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли  онҳоро ҷиҳати пешбурди соҳа фаро мегирад.  Мақсад аз таҳияи Барнома, пеш аз ҳама, таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ дар кишвар ва беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат мебошад. Истеҳсоли маҷмугиёҳҳо ва чойхалтаҳои шифобахш, ҳамчунин, доруҳои спиртии аз гиёҳ тайёршуда ва амсоли инҳо ба татбиқи барномаи мазкур рабт дорад. Инчунин, ҳоло васеъ гардондани хоҷагиҳои гулпарварӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Шаҳристон ва Рӯшон дар доираи амалӣ шудани Барнома сурат мегирад. Аммо, бо вуҷуди ин,  барои рушди ҳамаҷонибаи саноати дорусозии мамлакат Барномаи мазкур мукаммал нест. Истеҳсоли бештари ашёи хоми ватанӣ ва бо саноат пайваст сохтани он агар яке аз вазифаҳои асосии Барнома бошад, масъалаи ба гардиши кишоварзӣ даровардани гиёҳҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар ва зудгардишёбанда дар Барнома дуруст дарҷ  наёфтааст. Муҳимтар аз ҳама, дар махзани Равзанаи ягона ҷорӣ кардани шакли фаъолияти корхонаҳои агрофармасевтӣ низ, сарфи назар шудааст, ки аз номукаммал будани Барнома дарак медиҳад. Умуман, дар татбиқи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои назарраси рушди соҳа ҳамоҳангии фаъоли мақомоти дахлдор, аз ҷумла андоз, гумрук ва илму саноат якҷо бо олимону мутахассисони варзида, дида намешавад, ки муттаҳид будани ҳамаи мақомоти дахлдорро тақозо менамояд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Филфарм
Филфарм 6 июн 2023 10:17
Салом,
Барои чи хамин Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025 мухокимашаванда дастраси шабакави нест?
то ин ки нигоштахои муаллиф тахкик карда шавад...