ҲАРАКАТИ РОҲ. НАТИҶАИ АМАЛИЁТИ ШАРТӢ

30 сентябр 2025, Сешанбе
26

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 25-уми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» гузаронда шуд. Дар доираи ин иқдом, нозирони роҳ ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандаҳо ва мусофирон аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамчунин, риояи қоидаҳои истифодаи мототсикл ва скутер мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Шаҳбоз Саидзода, майори милитсия, корманди шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, маълумот дод, ки давоми баргузории амалиёти мазкур нисбат ба 1250 нафар барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ ва нисбати 60 ронандаи дучарха ва скутерҳои барқӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Амалиёти санҷишӣ дар ин самт мунтазам аз ҷониби кормандони Бозрасӣ доир мегардад.
Тавре Шаҳбоз Саидзода иброз дошт, ронандагони дучарха ва скутерҳое, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаанд, дар ҷаримагоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ба маълумоти раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи ронандаҳои мототсикл ва скутерҳо 140 ҳодисаи нақлиёт сабт шуд, ки дар натиҷа 51 нафар ҳалок гашта, 122 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
Дар шароити имрӯза шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд гардидааст. Риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиёт аз тарафи наврасон аҳамияти махсус дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе хонандаҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо дучарха ва скутер мераванд, ки ин дар ҷомеа ҳолати нигаронкунанда пеш овардааст.

Масъулони раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар доираи ин амалиёт дар чанд муассисаи таълимии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Зимни вохӯрӣ бо ноболиғон масъулон оид ба вазъи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда маълумоти муфассал доданд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат карда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, зеро риояи ин талабот кафолати амнияти пиёдагардон ва ронандагон ба шумор меравад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.09.2025 №: 188