САВДОИ ОДАМ. АЗ МУҚОВИМАТИ ДАВЛАТӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ
![]()
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Имсол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027”-ро тасдиқ кард. Ҳуҷҷати мазкур вазифаҳои мушаххасро барои мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма муайян менамояд.
Имрӯз савдои одамон яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Ин ҷинояти фаромиллӣ ба арзишҳои олии инсонӣ – озодӣ, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ таҳдид мекунад.
Мубориза бо савдои одамон мушкили танҳо як давлат набуда, ин доғи тамоми кишварҳои олам аст. Аз ин ҷост, ки Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум қатъномаеро қабул кард, ки кишварҳоро ба таҳкими қонунгузорӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт водор месозад.
Мавриди зикр аст, ки ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнок буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷиддан поймол намуда, ба амнияти ҷомеа низ таҳдиди мустақим дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди он ки қонуни амалкунанда, истисмор ва савдои одамро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намудааст, вале таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин ҷинояти нанговар даст мезананд.
Ба назари инҷониб, барои муқовимати муассир андешидани чораҳои зерин аҳамияти калидӣ дорад:
– баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ва муҳоҷирон;
– фароҳам овардани ҷойҳои нави кор дар дохили кишвар;
– густариши барномаҳои огоҳсозӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
– дастгирии қурбониён тавассути барқарорсозии иҷтимоӣ ва равонӣ;
– ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя.
Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 махсус ба корҳои тарғиботӣ таваҷҷуҳ мекунад: ҷаласаҳои махсус дар мактабҳо, донишгоҳҳо, маҳаллаҳо ва муассисаҳои динӣ, нашри варақаю буклетҳо, паёмҳои телевизионӣ ва видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиманд.
Савдои одамон ҷинояти ғайриинсонӣ аст. Мубориза бо он танҳо бо талоши ҳамбастаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди мамлакат имконпазир мебошад. Пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷазо додани ҷинояткорон ва ҳимояи қурбониён бояд ҳамеша дар мадди аввал бошад.
Танҳо бо масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории самараноки сохторҳо метавонем аз ин таҳдиди ҷаҳонӣ эмин монда, ҷомеаи озоду адолатпеша бунёд намоем.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”
