НАВОРИ ҒАЗЗА. КӮДАКОН ҚУРБОНИ ДАРГИРИҲОИ СИЁСӢ МЕШАВАНД
![]()
«Мо дигар чизе барои хӯрдан надорем. Ҳар рӯз ба мо ваъда медиҳанд, ки мошинҳои кумак меоянд, аммо вақте мерасем, чизеро пайдо намекунем. Касе ҳам ба мо ёрӣ намерасонад. Мо аз гуруснагӣ фақат хок мехӯрем, ба мо раҳм кунед…».
Ин нидои як кӯдаки фаластинӣ аст, ки аз миёни оташи ҷанг, ҳодисаҳои мудҳиши Ғазза ба гӯши ҷаҳониён мерасад. Садое, ки дар он фиғони ҳазорон тифли мазлум нуҳуфта аст.
Мухолифату даргириҳои сиёсӣ дар Фаластин, ки ҳоло ба авҷи фоҷиа расидаанд, пеш аз ҳама, ба кӯдакони бегуноҳ таъсир расонд. Имрӯз Фаластин, бахусус Ғазза, ба зиндоне табдил ёфтааст, ки кӯдакон дар он ҳаёти осоиштаи худро аз даст дода, торафт қурбонии ҷанги хонумонсӯз мегарданд.
Тибқи омори расмии ЮНИСЕФ ва Созмони Милали Муттаҳид, аз оғози ҷанг (моҳи октябри соли 2023) то имрӯз беш аз 50 ҳазор кӯдаки фаластинӣ ҷони худро аз даст додааст.
Муҳосираҳои тулонии Ғазза дастрасии мардуми осоиштаро ба оби ошомиданӣ, ғизо, дору ва кумакҳои тиббӣ комилан қатъ кардааст. ЮНИСЕФ дар гузориши моҳи июли соли 2025 таъкид мекунад, ки кӯдакон дар ин минтақа аз гуруснагӣ ва бемориҳое, ки имкони табобат доранд, бинобар набудани кумакҳои аввалияи тиббӣ, ба ҳалокат мерасанд. Танҳо дар се моҳи охир, шумораи кӯдакони фавтида аз гуруснагӣ аз 52 ба 80 нафар расидааст – рақаме, ки беадолативу ваҳшонияти рӯзафзуни ин фоҷиаро боз ҳам равшантар месозад. Бо вуҷуди ин, дар чунин шароит ҳамла ба мактабҳо, бемористонҳо, манзилҳои осоишта, мутаассифона, ба амри муқаррарӣ табдил ёфтааст.
Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо таъкид карданд, ки ин амалҳо нақзи рӯйирости ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷиноят алайҳи башарият мебошанд. Аммо, ба гуфтаи Дабири кулли СММ, “ҷавобгарӣ барои ин фоҷиаҳо то ҳол амалан вуҷуд надорад”.
Бо вуҷуди шадидтар гаштани вазъ дар Ғазза, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ба ҷои иқдоми қатъӣ ба муҳокимаҳои сиёсии поённопазир машғул аст. Ин сукутеро мемонад, ки аз садои таркиш дида даҳшатовар аст.
Ҷаҳоне, ки худро “ҳомии ҳуқуқи инсон” меномад, агар дар баробари дидани ҷиноятҳои ошкоро хомӯш монад ва аз дифоъ кардани ҳуқуқи кӯдакон оҷиз бошад, пас, сухан дар бораи кадом адолат меравад?
Он чи имрӯз дар Ғазза мегузарад, на танҳо як фоҷиаи башарӣ, балки озмоиши виҷдони тамоми инсоният аст. Кӯдакон набояд қурбонии муноқишаҳо ва бозии манфиатҳои сиёсӣ гарданд. Онҳо мисли ҳар кӯдаки дигар дар дунё, ҳуқуқ ба зиндагӣ доранд ва шоистаи навозишанд.
Аммо то кай фарёди кӯдакони мазлум беҷавоб мемонад? То кай ин насли бегуноҳ қурбонии сиёсатҳои геопалитикӣ мегардад? То кай ҷаҳони мутамаддин хомӯширо ба ҷойи адолат баргузида, бетарафиро бар масъулияти инсонӣ тарҷеҳ медиҳад?
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.10.2025 №: 189