КӮЛОБ. СОХТМОНИ РОҲЕ, КИ ОЯНДАРО РУШД МЕДИҲАД
Дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи “Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб” баррасӣ гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз дошт, ки ҳадаф аз ҷалби маблағи қарзӣ аз Фонди саудии рушд ба таври зарурӣ ба роҳ мондани ҳаракати воситаҳои нақлиёти транзитӣ берун аз шаҳр, махсусан пешгирии ҳолатҳои тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, инчунин, беҳтар гардидани вазъи экологӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Зикр шуд, ки сохтмони роҳи таворавии мазкур 14,5 километрро ташкил дода, он дар километри 177-уми роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб (деҳаи Камолобод) то километри 191-уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин қарор дорад. Тибқи Созишнома арзиши умумии лоиҳа 30 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он бо шартҳои зерин, аз ҷумла меъёри 1,5 фоизи хизматрасонии солонаи қарз, 25 сол муҳлати бозпардохт ва 5 сол давраи имтиёзнокӣ ҷалб мегардад.
Таъкид гардид, ки роҳи мазкур аҳамияти байналмилалӣ дошта, пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минбаъд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, махсусан бехатарии ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаи роҳ, таъмин мегардад.
Дар робита ба ин, Сиёвуш Наботзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия изҳор дошт, ки имрӯз мо танҳо як роҳи нав намесозем, балки заминаи муҳими рушдро барои тамоми минтақа мегузорем. Ин роҳ имкон медиҳад, ки тиҷорат вусъат ёбад, мардум осонтар сафар кунанд, вақт ва маблағ сарфа шавад. Ҳар як сармоягузорӣ дар ин лоиҳа ба беҳбудии зиндагии шаҳрвандон ва рушди устувори кишвар хизмат хоҳад кард.
Зикр шуд, ки Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд 3-юми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Иҷрои чунин иқдомҳо пурра ба Ҳадафҳои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта, дар самти татбиқи сиёсати “иқтисоди сабз” низ қадамҳои амалӣ мегузорад. Зеро сохтмони роҳҳои муосир на танҳо шароити беҳтари иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам меорад, балки барои ҳифзи муҳити зист ва коҳиши таъсири манфии нақлиёт ба табиат мусоидат мекунад.
– Сохтмони ин роҳ ҷузъи муҳими шабакаи нақлиётии миллӣ ва бахше аз коридори байналмилалии нақлиётӣ буда, ба рушди устуври иқтисоди миллӣ, беҳсозии хизматрасониҳои боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, инчунин, сарфа намудани сӯзишворӣ ва вақти ҳаракат мусоидат хоҳад кард, – гуфт Сиёвуш Наботзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
