МЕҲРГОН – ИФТИХОРИ ҚАДИМАИ МАНУ МО
Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёнажод аст, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии кишвар аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» чун ҷашни миллӣ эътироф шуд.
Бояд қайд намуд, ки Меҳргон мисли идҳои таърихии Сада, Наврӯз ва Тиргон ба ягон дин тааллуқ надорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ барои ниёгони мо Наврӯз ҷашни оғози фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози фасли зимистон ҳисобида мешуд. Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилғундорӣ будааст.
Дар гузашта зимни гузарондани Ҷашни Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштанд. Рӯзи аввали идро Меҳргони омма меномиданд, ки шаш рӯз давом меёфт. Рӯзи охири онро, ки Ромрӯз ном гирифт, Меҳргони хосса мегуфтанд. Ҷашни Меҳргонро бо тантана, суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ мегузаронданд. Ҳатто шоҳони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс ва фароғат доштанд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ мепӯшид. Аз даврони Фаридун анъана шуда буд, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти хӯрдан сухан нагӯянд. Дар замони Сосониён рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Дар атрофи дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарз менавиштаанд. Анъанае низ буд, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани зайтун молида, ба наздикон гулоб мепошиданд, то тамоми сол саломат бошанд.
Ҷашни Меҳргон дар қадим, махсусан дар аҳди Сосониён, хеле тараққӣ карда, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт.
Дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардид. Ба асосҳои дақиқ такя намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми октябрро рӯзи Иди Меҳргон эълон намуданд ва Меҳргон чун иди миллӣ қонунан эҳё гардид, ки дар фазои сулҳу субот мо онро ҳамасола ҷашн мегирем.
Баъд аз эҳё шудани ҷашнҳои миллии аз ниёконамон меросмонда, ҳамасола дар толори пазироии Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» барои арҷ гузоштан ба Ҷашни Меҳргон намоиши муваққатӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон, бахшида ба Ҷашни мазкур намоишҳои сайёр низ дар деҳоти шаҳри Панҷакент ташкил мегарданд. Дар ин намоишҳо зарфҳои мисию сафолӣ, сабадҳои дастибофт, зарф аз каду, ғалберу ҳован (оғурча), чилимҳои мисию чӯбии мансуб ба асрҳои ХIХ-ХХ ба маъраз гузошта мешаванд.
Ҷашни Меҳргон дар баробари Садаву Наврӯз ва Тиргон ҷашнҳои таърихиест, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо муқаддам ниёкони мо таҷлил мекарданд. Ҷашни мазкур, рамзи тирамоҳи заррин буда, айёми ҷамъоварии ҳосил ба ҳисоб меравад.
М. ҒАНИЕВА, мудири шуъбаи таърихи МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”
Санаи нашр: 14.10.2025 №: 200