ПАРЧАМ. РАМЗИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ Парчам ба ҳисоб меравад, ки рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи нек дар он ифода ёфтааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Рамзҳо гуногунанд, аммо миёни онҳо парчам таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни он наметавон тасаввур намуд.
Дар тули таърих парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Фарзи мисол дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро “Дирафши Ковиёнӣ” номид. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои Иттиҳод давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.
Қобили зикр аст, ки 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Ҳанӯз соли 2009 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Хулоса, корбурди рамзҳои давлатӣ, бахусус дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасону ҷавонон фаҳмонда мешавад. Ба ин васила, ифтихори ватандории онҳо боло меравад.
Азизи НАЗРИБЕК, раиси суди иқтисодии ВМКБ
Санаи нашр: 16.10.2025 №: 202