ҚОНУН. ХУРОФОТПАРАСТОН БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД

20 октябр 2025, Душанбе
26


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.

Дилноза Муродуллозода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки Қонуни мазкур бо мақсади пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастии аҳолӣ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги милливу динӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Таъкид шуд, ки барои пешгирӣ аз ин хатарҳо, ҳамзамон, дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва тарғиби меъёру стандартҳои муолиҷавию табобатии соҳаи тандурустии давлатӣ муҳим аст, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин амали шаҳрвандон намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардад.
Дар ин росто, Ғайратшо Муборакшозода, муовини вазири корҳои дохилӣ, гуфт, ки рӯз то рӯз дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон густариши идеологияи ифротӣ ва хурофотпарастӣ майл ба болоравӣ дорад. Маҳз чунин зуҳурот ба арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, динӣ, эътиқодмандии аҳолӣ таъсири манфӣ расонда, ҳамчунин, яке аз омилҳои гаравидани шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ гардида, дар як вақт ба воқеан амалӣ гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” монеа эҷод менамояд.
Зикр шуд, ки 9-уми марти соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат изҳор доштанд: “… таассубу хурофот дар байни аҳолӣ авҷ гирифтааст. Мисол, дар соли 2024 аз тарафи кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ 1 500 ҳолати даст задани шаҳрвандон ба амали сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ошкор карда шудааст”.
Тибқи иттилои муовини вазир, аз натиҷаи таҳлили омори расмӣ маълум мегардад, ки ҳамасола ба амалҳои фолбинӣ ва ҷодугарӣ даст задани бархе аз шаҳрвандон рӯ ба афзоиш дорад.
– Рӯй овардан ба соҳирон, ҷодугарон ва фолбинон метавонад бо чанд сабаб хатарнок бошад. Бисёре аз соҳирон, ҷодугарон ва фолбинон бо истифода аз тарс ва таъсири равонӣ одамонро ба вобастагӣ мегузоранд ва аз онҳо маблағи зиёд талаб мекунанд. Бовар кардан ба “пешгӯиҳо” метавонад ба қабули қарорҳои нодурусти ҳаётӣ ва талафоти молиявӣ оварда расонад. Ғайр аз ин, рӯй овардан ба ҷодугарӣ метавонад боиси аз даст додани эътиқод ва арзишҳои ахлоқӣ гардад, – гуфт Ғайратшо Муборакшозода.

Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.10.2025 №: 204