МАҚОМИ ОМӮЗГОР. ЛОИҲАИ ҚОНУН БА ТАСВИБ РАСИД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баррасӣ гардид.
Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии ин масъала иброз дошт, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти омӯзгор мебошад. Лоиҳаи Қонун аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудиятҳо ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи муқарраршударо дар бар мегирад.
– Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам овардани заминаи мусоиди рушди касбият ва фаъолият барои омӯзгорон ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо таҳия гардидааст, – гуфт Ҷамила Мусоҷонзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон. Пас аз баррасӣ Қонун қабул шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
