ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Ду ғоратгар ва як пинҳонкор ба дасти милитсия афтоданд
Кормандони милитсия дар ноҳияи Фархор алайҳи ду марди 30-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ва як марди 36-сола барои пинҳон доштани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ду марди 30-сола, ки ҳар ду сокини ноҳияи Фархор ҳастанд, шаби 7-уми октябр марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳияро латукӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилӣ ва 1500 сомониашро тасарруф намудаанд. Дар ҳамин ҳол марди 36-сола, ки шоҳиди кирдорҳои ҷинояткоронаи гумонбарон будааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надода, ҷиноятро пинҳон доштааст.
Ҳоло вобаста ба ин ҳолат нисбат ба ду марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ бо моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ) ва алайҳи марди 36-сола бо моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҷавобгарии посбоне, ки беш аз 45 ҳазор сомониро аз худ кард
Дар ноҳияи Зафаробод марди 45-солае бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир шуд, ки ба шуъбаи маорифи ноҳия беш аз 45 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расондааст.
Сомонаи ВКД бо нашри хабари боздошти ин мард иттилоъ медиҳад, ки гумонбаршаванда бо фармоиши шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод аз 4-уми сентябри соли 2023 ҳамчун посбони шуъбаи мазкур таъин шуда, бо ворид намудани маълумоти бардурӯғ дар табели музди меҳнати кормандон (аз моҳи январи соли 2021 то сентябри соли 2025) 45 ҳазору 476 сомониро азонихуд кардааст.
Дар ин робита нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ...) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
