ТАНДУРУСТӢ. ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ КӮЧАК МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ МЕХОҲАД!

28 октябр 2025, Сешанбе
106


Агар мабодо имрӯзҳо барои аёдати беморе ба шифохонаҳои шаҳри Душанбе равед, аз бисёрии одамон ба қавле “ҷойи сӯзанзанӣ намеёбед”. Фикр мекунӣ, ки ҳамаи беморони ҷумҳурӣ ҳаминҷо бошанду дигар беморхонае нест. Ба ҳамин минвол, рӯзе гузарам ба “Шаҳраки шифобахш” афтод, ки миёни беморону аёдаткунандагон худро “ғиҷим” карда мегузаштам. Ба ҳар сӯе, ки мерафтам, долону дохили биноҳои касалхона аз одам лабрез менамуд. Азбаски даруни ҳуҷраҳо пур аз одам буд, маро гуфтанд, ки то камтар шудани аёдаткунандагон интизор шавед. Камина аз фурсат истифода бурда, маҳз онҳоеро, ки барои табобат аз роҳҳои дур ба ин ҷо омада буданд, мепурсидам:
– Салом апа, Шумо аз куҷо ба ин ҷо омадед?
– Аз Панҷакент.
– Шумо чӣ ака?
– Аз ноҳияи Восеъ.
– Шумо низ аз роҳи дур омадед?
– Бале, аз Лахш омадам.
Нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар бисёр маврид беморон аз ноҳияҳо дар лаҳзаҳои ниҳоят вазнин шудани дардашон роҳ сӯйи марказ гирифтаанд. Онҳоро зарур буд, ки дар аввалин пайдоиши дард ё ҷароҳат ба бемористони наздик ба ҷойи зисти худ муроҷиат намуда, бо камтарин даво муолиҷа мекарданд. Аммо чаро онҳо барои сари вақт ва бо осонӣ муолиҷа намудан дар макони зисти худ имкон наёфтанд ва бори деҳот бар дӯши шаҳр уфтодааст?
Корафтодагон ба ин суол ҳамагӣ як посух доранд: “Дар ноҳия чунин шароит ва духтури хуб нест”. Дар воқеият инфрасохтори тандурустии аксари шаҳру ноҳияҳо ҳоло аз шаҳри Душанбе қариб камӣ надорад. Ҳоло дар минтақаҳо фаъолияти табибон дар дохили биноҳои тангу куҳна ё вагонҳо кам ба назар мерасад. Пас, ин ҷо омили бештар ба Душанбе омадани сокинон эҳтимол дигар сабаб дошта бошад. Барои фаҳмидани ҳақиқат мо ба масъулони соҳаи тандурустии чанде аз ноҳияҳо муроҷиат намудем, ки парда аз рӯйи воқеият бардошт. Иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Лахш Мубтадо Иҳсонов норасоии табибонро яке аз мушкилоти беморхонаҳои маҳаллӣ дониста, сабаби онро чунин шарҳ дод:
– Аксаран хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ё дигар мактабҳои олӣ талош менамоянд, ки дар шаҳрҳо кор кунанд. Баъзе хатмкунандагони коллеҷҳои тиббии минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бошанд, на ҳама вақт аз уҳдаи кор мебароянд. Баъзеи онҳо мафҳуму мавзуъҳои элементариро намедонанд ва ба омӯзиши ҷиддӣ ниёз доранд. Бинобар ин, баъзан ин ҳолат ба сифати кори беморхонаҳо халал мерасонад. Пешниҳоди мо ҳамин аст, ки роҳбарияти коллеҷҳои тиббӣ дар омода кардани кадрҳои соҳа ҷиддӣ бошанду рисолати худро босифат иҷро намоянд, на миқдорӣ. Сабти беморон, раванди муолиҷаи онҳо ва дуруст фаҳмидани ҳолати кор дар ҳар беморхона ба кори босифату заковати коргарон, бахусус ҳамшираҳои шафқат, рабт мегирад, ки, мутаассифона, бештари онҳо дониши кофӣ надоранд.
Ба гуфтаи номбурда, кадрҳои ҷавони соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди дастгирии роҳбарияти ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар сохторҳо қарор мегиранд. Вале омодасозии кадрҳо дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва ҳам маҳаллӣ ислоҳот мехоҳад. Аз тарафи дигар, бисёре аз хатмкунандагони тибқи Квотаи президентӣ ба ҷойи зисти худ барои кор барнамегарданд. Дар ҳоле ки шароити беморхонаҳо аз лиҳози дастрасӣ ба техникаю таҷҳизоти соҳавӣ беҳтар шуда истодааст.
Ҳамчунин, Беҳрӯз Юсуфов, роҳбари маркази саломатии кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Лахш, гуфт, ки дар ноҳия тақрибан 13 табиби дараҷаи олӣ намерасад. Аз ҷумла, дар марказҳои саломатии ноҳия табибони сироятшинос, руҳшинос, асабшинос, шикастабанд, ҷарроҳ, табиби бемориҳои дарунӣ, пӯстшинос намерасанд.
Ба иттилои Аҳмадхон Дӯстов, сардори маркази саломатии кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, низ дар ин минтақаи дурдасти кишвар 18 табиби дараҷаи олӣ намерасад. Ба гуфтаи ӯ, табибони дараҷаи миёна аз ҳисоби коллеҷҳои минтақаи Кӯлоб ва ҷумҳуриявӣ ба кор ҷалб мешаванд. Номбурда низ шароити кору фаъолият ва инфрасохтори беморхонаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро хуб арзёбӣ карда, набудани табибони дараҷаи олиро аз мушкилоти ягонаи соҳа дар ин ҷо медонад.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш рӯзноманигор Фарангис Мамадҷонова таҳти унвони “Суғд. Норасоии табибон аз мушкилоти рӯз боқӣ мемонад...” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабе нашр кард, ки далели дигаре дар бобати ҳалталаб будани масъалаи камчинии кадрҳои соҳа дар минтақаҳост. Номбурда, бо далелҳо аз камбуди табибони дараҷаи олӣ дар беморхонаҳои минтақавии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Ашт, Айнӣ ва ғайра мисолҳо овардааст.
Ҳадаф аз овардани чунин далелҳо гила аз масъулон набуда, бозгӯ кардани камбуди воқеии кадрӣ дар маҳал ҳаст. Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло аз ҳисоби муроҷиати сокинони минтақаҳои дурдаст дар беморхонаҳои пойтахт сарбории беморон меафзояд. Аммо ба ҷойи тақсимоти дуруст масъулони соҳа, бо назардошти зиёд шудани эҳтиёҷи беморхонаҳо ба мутахассисон, воҳидҳои кориро бештар намуда, хатмкунандагони лаёқатмандро ба кор ҷалб мекунанд. Ҳол он ки агар ҳамин хатмкунандагон ба ноҳияҳо сафарбар шуда, бо шароити кору ҷойи зист таъмин шаванд, ҳазорҳо бошандаи маконҳои дурдасти кишвар бо харҷу ташвиши зиёд ба марказ омада, муолиҷа намекунанд. Хеле сарбориҳо аз дӯши шаҳр кам мешавад. Дар ин маврид дар ноҳияҳо низ бо ҷалби мутахассисони кордон соҳаи тандурустӣ бештар пешрафт хоҳад намуд. Масъалаи дигаре, ки дар минтақаҳо ба ҳавасмандии табибон ба кор мусоидат мекунад, шояд аз байн бурдани дахолати пайвастаи дигар сохторҳо ба кори онҳо бошад. Умед дорем, ки масъулони соҳа ва сохторҳои дигари марбута ба масъалаи мавриди назар, аз ҷумла дастгирии табибон аз лиҳози ҷойи зисту шароити кор, аз зовияи сиёсати дурбинонаи дастгирии кадрҳои ҷавон мутаваҷҷеҳ шуда, пайи чораандешӣ мегарданд.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209