МОДАР-ВАТАНРО БА ҚИМАТИ ҶОНАМ ДӮСТ МЕДОРАМ…
Салом модарҷон! Инак, аз хидмати сарбозиам шаш моҳ мегузарад. Бубахшед, ки то кунун ба шумо нома нанавиштаам. Шояд, аз ин сабаб, ки зуд-зуд бо телефон суҳбат мекунем ва гӯё хумори пазмонии ҳамдигарро бароварда месозем. Албатта, чунин ҳам ҳаст, вале ҳоло дар дил гуфтаниҳое дорам, ки танҳо қаламу коғаз қодир аст, ин бори амонатро ба Шумои азиз бирасонад.
Очаҷон, ман дар ин муддат арзишҳоеро шинохтам, ки имкон надошт берун аз ин мактаб, яъне хизмати ҳарбӣ, онҳоро маърифат карда тавонам. Эҳсоси аввал, албатта, муҳаббати беандоза ба Ватан-Модар аст. Ёдатон бошад, шумо ва падарам аз айёми кӯдакӣ то давраи камолоти ҷавонӣ пайваста ба гӯши мо – фарзандон дар бораи дӯст доштани Ватан ва садоқат варзидан ба обу хоки сарзамин насиҳатҳо мекардед. Баъдан, ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби муаллимони мактабу омӯзгорони донишгоҳиям низ тарғиб мешуданд.
Ҳоло, агар иҷозат диҳед, ки ошкортар ҳарф занам, он замон ин ҳама насиҳату тарғиби ватандӯстӣ дар назар як чизи муқаррарӣ менамуд. Ман асли матлаби шумову устодонамро ин ҷо – дар қисми низомӣ дарёфтам. Аниқтараш, аз рӯзе, ки либоси низомӣ дар бар дорам. Албатта, хизмати ҳарбӣ қоидаҳои махсуси худро дорад, мисли оғӯши гарму роҳатбахши Шумо нест. Аммо вақте ба низоми ҳарбӣ ворид мешавӣ ва дар он ба қавле обутоб меёбӣ, худро дар канори ҳама хушбахтиҳо мебинӣ.
Акнун ман Ватан-Модарро ба қимати ҷони хеш ва баробар ба меҳру муҳаббате, ки ба Шумо – модарҷонам дорам, дӯст медорам. Ҳа, балки дар тан либоси сарбозӣ худро соҳибу муҳофизи ин Ватани маҳбуб мепиндорам. Ҳамон Ватане, ки маро дар оғӯши худ бо ноз парварида, ҳам нон доду ҳам ном ва ҳам иззату эҳтиром. Ин модар ҳам ба мисли Шумо – очаҷон, оғӯши меҳровар дорад. Пас, онро бояд муҳофизат кард, ки, яқинан, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати ватандории ҳар соҳибватан аст. Охир, каси дигар аз берун омада, марзу буми Ватани моро ҳифз намекунад. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони худогоҳ инро дарк намуда, махсусан баъди хатми донишкадаву донишгоҳҳо, гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мепайванданд, ки фоли нек аст. Фикр мекунам, ба шумо ҳам маълум аст, ки дар чанд мавсими охири даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бисёр шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои аввал нақшаи даъватро иҷро менамоянд. Дарвоқеъ, ҳар касе, вақте бо хоҳиши худ ба хидмати Ватан ва ё иҷрои ҳар коре тасмим мегирад, дар он муваффақ хоҳад шуд. Бовар дорам, ки ин ҷавонон дар оянда низ номбардори Меҳан ва намунаи ибрат барои насли наврас мешаванд.
Худоро шукр мегӯям, ки дар фазои сулҳу салоҳи кишвар ба Шумо нома менависам, на ба мисли садҳо ҳазор шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз майдони ҷанг бо сӯзу фироқ хома гирифтаву нома навишта буданд. Баъзеашон фурсати нома навиштан пайдо накарда, аз тири душман ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Бале, ҳам шукр бояд гуфт ва ҳам дар поянда нигоҳ доштани сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ чун фарзанди содиқи Ватан саҳм бояд гузошт.
Очаҷон, маъзурам доред. Саргарми васфи Ватану толеи баланди худ шуда, аввал, аз ҳолу аҳволатон напурсидам. Ҳамин ҳоло дар деҳа ҳастед ё шаҳр ва дар умум, чӣ рӯзгоре доред? Умедворам, ки аҳли хонавода тандурусту хотирҷамъанд. Агар аз саломатии ман пурсон шавед, шукри Яздони пок ва фазои осудаи Ватанам тансиҳату болидаруҳам. Аз ҳеҷ чиз танқисӣ надорам. Фақат аҳли хонавода, ҳамкорону ҳамнишинон ва деҳаро пазмон шудаам.
Насиб, баъд аз шаш моҳи дигар ман аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавам ва бо сари баланд ба назди шумо бармегардам. Ин ҷо ёддоштҳои зиёде дорам, ки агар ҷомаи домодиамро дӯхтаву ба тӯй омода шуда бошед, сар ба зонуятон ниҳода, нақл хоҳам кард.
Иброҳими САЙФУЛЛО,
сарбоз-хабарнигори «Ҷумҳурият»

