ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

29 октябр 2025, Чоршанбе
27


Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН


Қабул ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баракати рӯзгори аҳли ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат таъмин намуд. Қонуни мазкур тартиби баргузории ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.


Маросими азодорӣ, ҷумъагию душанбегӣ, бисту чил, сари сол ва ҳоказо, ки бо додани таому дастархонҳои пурдабдаба баргузор мегашт, ба танзим дароварда шуд. Дар натиҷа, ҳазорон сар чорво аз забҳи беҳуда наҷот ёфт. Миллионҳо сомонӣ маблағи мардум сарфа ва сатҳу сифати зиндагии мардум баландтар гардид. Дини мубини Ислом низ исрофкориро маҳкум мекунад. Пеш аз ҳама, шахсони доро бояд ба маъюбу ятимон ва ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоянд, ки ин кори хайр ба насли наврас ибрат шавад. Мегӯянд, ки дасти диҳанда ҳамеша аз болост. Ин як маънои васеъро дорост. Хушбахтона, ҷомеа дуруст дарк кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷате мебошад, ки хароҷоти зиёдатиро дар баргузории тӯю маросим танзим намуда, дастархони хонадони моро пурнозу неъмат мегардонад. Мардум солҳои тулонӣ пойбанди анъанаю маъракаҳои нолозим буданд. Маблағе, ки солҳои тулонӣ бо меҳнати зиёд ба даст меоварданд, бо исрофкорӣ харҷ намуда, бар замми ин, боз қарздор ҳам мешуданд. Аз ин рӯ, қабули Қонуни мазкур хеле бамаврид буд.
Бояд ҳар як сокини мамлакат дар амалисозии Қонуни миллӣ, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронда шудааст, саҳмгузор бошад.


Насиба ЗОИРОВА, корманди осорхонаи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 29.10.2025 №: 210