ЯК ДИДОР БО УСТОД АЙНӢ ВА САРНАВИШТИ МИНБАЪДАИ МАН

29 октябр 2025, Чоршанбе
9


Соли 1950 дар синфи шаши мактаби ҳафтсолаи ба номи Энгелси рустои Теми ноҳияи Шуғнон (ҳоло шаҳри Хоруғ) таҳсил мекардам. Бо баҳои хубу аъло мехондам ва, ҳамчунин, ахлоқи намунавӣ доштам. Пионери фаъол будам. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки маро аз байни талабагони зиёде хоста вакили слёти ҷумҳуриявӣ интихоб намуданд. Ҳамроҳ бо 12 пионери дигар аз ноҳияҳои гуногуни вилоят озими шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) шудам. Ёд дорам, дар самолёти Ил-12 парвоз мекардем. Дар чашмони мо - талабагони синфи 6-7 Душанбе хеле бузург метофт. Аз хурсандӣ дар куртаҳо намеғунҷидем. Моро дар меҳмонхонаи “Вахш”, ки он замон ягона ва зеботарин бинои муосир буд, ҷо доданд. Чорабинӣ рӯзи дигар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гузашт.
Вақте дар президиум устод Айниро дидам, хеле ба ваҷд омадам. Ҳатто ба чашмонам бовар намекардам.
Ба ман аз номи вакилони Бадахшон сухан доданд. Суханронии ман бо забони тоҷикӣ кӯтоҳ, вале расову фаҳмо буд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пионерони Помир сухан ронда, гуфтам, ки чӣ тавр ба колхозҳо ёрдам мекунем, чӣ тавр мехонем. Вақте суханро тамом кардам, устод Садриддин Айнӣ маро ба наздаш даъват кард. Аҷиб, ки баромадкунандагони пешинро ба сӯяш нахонда буд. Дар президиум ба ғайр аз ӯ Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Раҳимии шоир, Султон Раҷабов, котиби КМ комсомоли Тоҷикистон низ менишастанд. Ман бо як қалби пур аз тапиш наздаш нишастам. Дар назарам чунин метофт, ки садои тапиши диламро ҳамагон мешунаванд. Суп-сурх шуда будам. Меларзидам. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки чунин шахси бузург маро ба наздаш даъват мекунад.
Устод Айнӣ маро дар наздаш нишонда пурсид:
- Китобҳоямро хондаӣ?
- Бале! - гуфтам ман сарамро хам карда.
- Кадомҳояшро?
- «Ятим», «Мактаби куҳна» ва «Одина»-ро.
- Офарин! Бисёр ҷолиб аст, ки дар Бадахшон низ асарҳои маро мехонанд.
- Ту онҳоро ба кадом забон мутолаа кардӣ?
- Ба тоҷикӣ.
- Харро ба забони шуғнӣ чӣ мегӯянд? - пурсид устод.
- Маркаб, - ҷавоб додам ман.
- Забони шумо адабӣ будааст-ку? - изҳори таҳайюр кард устод Айнӣ.
Сипас пурсид, ки падар ва модар ба забони шуғнӣ чӣ мешавад.
- Тат, нан, - гуфтам ман.
- Ин калимаҳо дар Авесто ҳам ҳастанд! - бо шавқ гуфт устод.
Дар маҷмуъ, ҳудуди чил дақиқа дар паҳлуи устод будам. Ин дақиқаҳо дар тақдири минбаъдаи ман нақши бузург бозиданд.
Ин вохӯрӣ ба ман сахт таъсир расонд. Ман қавл додам, ки баъди хатми мактаби миёна ба факултети филологияи тоҷик дохил мешавам ва аз пайи устод меравам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ман соли 1954 баъди хатми мактаби даҳсола шомили Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шудам. Аҷиб ин буд, ки аз 50 довталаби бадахшонӣ танҳо ман ба факултети зикршуда дохил шуда тавонистам. Адабиёту забонро хеле хуб медонистам ва ин меҳрро дар дили ман устод Айнӣ ҷойгир карда буд.
Дар ниҳоят, албатта, нависанда ва олим нашудам, зеро дар дилам шавқи омӯзгорӣ бештар буд. Чиҳил сол дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтам. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қувваҳои номаълум ҳавлиямро дар Чортути ноҳияи ёдшуда сӯзонданд. Соли 1992 ба Хоруғ омадам. Дигар ба Душанбе барнагаштам.
Нурмаҳмад ДӮСТМАМАДОВ,
омӯзгори собиқадор аз шаҳри Хоруғ

Санаи нашр: 29.10.2025 №: 210