УСТОД АЙНӢ. НОМАҲО БА ЛОҲУТӢ ВА ДАРЁФТИ МАРҚАДИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

04 ноябр 2025, Сешанбе
20


Яке аз нишондодҳои назариявӣ ва амалӣ дар номаҳои устод Айнӣ, ки ба тақдири мероси адабии тоҷикон дахл дорад, масъалаи омӯзиши мероси адабӣ ва муайян намудани ҳуқуқи тоҷикон ба мероси гузаштаи худ мебошад. Ин хидмати таърихии устод Айниро барои ҳалли қазияе, ки дар асри гузашта, воқеан, тақдирсоз буд, дар ин мақола мавриди пажӯҳиш қарор додем.
Бузургони классики тоҷику форсро зимни пажӯҳишот ва ҷустуҷӯйҳои адабӣ ва таърихӣ ошкор намудани устод дар номаҳояш ба Абулқосим Лоҳутӣ бисёр хуб аён аст, ки яке аз чунин корҳои ӯ марқади Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо муайян намудани маҳали зисти ӯ пайдо кардан буд. Адабиётшиносон ин ҷиҳати тадҳқиқот ва кашфиёти ӯро махсус таъкид намудаанд. Аз ҷумла, айнишинос Аламхон Кӯчаров менависад: «Яке аз шоҳкориҳои безаволе, ки бо ҷидду ҷаҳд, раҳбарӣ ва ҳидоятҳои устод амалӣ гардида, аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро аз ихтилофи назар баровардааст, ин муайян намудани зодгоҳ ва оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад».
Камол Айнӣ аз тадқиқоти падараш ёдовар шуда менависад: «Дар мавзуи кофтуков ва ҷустуҷӯйи маълумоти нав ва тоза роҷеъ ба устод Рӯдакӣ падарам ҳамеша мукотиба дошт, бо дӯстонаш ҳам аз аҳли адаб ва илм, ҳам бо шиносонаш ҳамеша дар ин бора суҳбат ва гуфтугӯ мекард. Яке аз орзуҳои вай ҳамоно кофта дидани қабри устод Рӯдакӣ ва пас аз ҳазор сол ба мардум намоиш додани акси чеҳраи он бузургвор – фарзанди халқ буд».
Ин воқеаи муҳим бештар дар номаҳои ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсолнамудаи устод арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар номаи 24-уми ноябри 1940 масъалаи зодгоҳи устод Рӯдакӣ ба миён гузошта мешавад. Ягона мақсади устод Айнӣ ин буд, ки самарқандӣ ва ё бухороӣ будани Рӯдакиро аниқ намояд. Чунки дар ин хусус шубҳае дар манбаъҳову тазкираҳо ва дигар сарчашмаҳои адабӣ мавҷуд буд, ки таърихнигорону тазкиранависон баъзе Рӯдакиро аз Самарқанд медонистанд ва баъзеи дигар ба Бухоро нисбат медоданд. Устод Айнӣ аввал дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зодгоҳи шоирро Бухоро зикр кардааст. Аммо, вақте ки дар номаҳояш ба Абулқосим Лоҳутӣ доир ба кофтуков ва аниқ намудани қабри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан мегӯяд, маълум мешавад, ки фикри худро иваз кардааст, зеро аз нақли Идрисии Астарободӣ, ки баъд аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ фавтидааст, Рӯдакӣ аз Самарқанд будааст. Идрисӣ дар асараш «Таърихи Самарқанд» менависад: «Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст». Ҷойи дигар менигорад: «Қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст».
Устод аз мақолаи академик А. Семёнов пай мебарад, ки «Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарқанд аст». Аммо устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ дар номааш мегӯяд: «...ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд бо ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад...».
Устод Айнӣ бо тахмини худ ба ҳақиқат дучор мешавад, чунки ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо як мардикори форобӣ, маълум менамояд, ки Рӯдак ва Панҷрӯдак дар Панҷакент ҷойгир аст. Мақсади устод, қабл аз ҳама, марқади Рӯдакиро ошкор кардан буд. Устод Айнӣ барои тасдиқи ин маълумотҳо ба идораҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва ноҳияи Панҷакент муроҷиат менамояд. Ба гуфтаи раиси вақти ҳукумати Панҷакент Шароф Муҳаммадиев, деҳаҳои Рӯдак ва Паҷрӯдак дар фосилаи 60 – 70-километрӣ аз маркази ноҳия қарор доштааст. Устод Айнӣ дар идомаи нома ба Абулқосим Лоҳутӣ менависад: «Ман ин маълумотро ба Сталинобод ба Союз навишта илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонад».
Маълумотҳоро устод Айнӣ ба Сталинобод мерасонад. Ниҳоят, кормандони Академияи илмҳо Лутфулло Бузургзода ва аз наркомпрос (Комиссариати маорифи халқ – Ф.Н.) таърихшинос Гаретский ба Самарқанд омада, раисии ҳайати кашфиётиро ба уҳдаи устод Айнӣ мегузоранд. Устод Айнӣ бо сабаби беморӣ рафта наметавонад ва тамоми маълумотҳоро оид ба деҳаҳои Рӯдак ва Панҷрӯдак ба онҳо медиҳад. Билохира, бо роҳнамоии устод Айнӣ қабри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак пайдо мегардад.
Яке аз мақсадҳои асосии устод Айнӣ омӯзиши илмии таъриху тамаддуни халқаш буд. Махсусан, дар мактубҳое, ки ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсол доштааст, доир ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён медорад. Ӯ ба сифати як ҳақиқатҷӯ бо кашфиётҳои илмии худ дар ташаккул ва рушду нумӯи илми тоҷикон саҳм гузоштааст, ки ин самти фаъолияти ӯ дар номаҳояш ба Абулқосим Лоҳутӣ ҳам равшан дарҷ гардидаанд.
Фарзона НАИМОВА,
номзади илмҳои филология

Санаи нашр: 01.11.2025 №: 212