МИЛЛАТИ ҚОНУН

05 ноябр 2025, Чоршанбе
6


Аслан, миллати мо миллати қонун аст. Мо тоҷиконро метавон миллати соҳибқонун номид, зеро қонун дар сиришти халқи мост, ҳузури қонун, риояи қонун бадоҳатан, табиӣ дар амалу рафтори халқи мо ҳамеша падидор аст. Одоби суннатии мо, ҳама маросиму анъанаҳои мо, ҳунарҳои мо ҳанӯз аз тифлӣ дар ҳар амалу кору рафтори мо ҷавлон мезанад. Ҳеҷ кас ба мо аз тифлӣ хосса дарси қонун наомӯхтааст, моро водору маҷбур накардааст, ки қонунҳоро риоя кунем, зеро ин қонунҳо дар сиришти мо тавассути хунамон кайҳост, ки ҷорист. Ин қонунҳо аз тифлӣ ҳамеша дар забони модарону падарон, пирони рӯзгор пайваста дар гӯшамон садо медоданд: рост рав, рост гӯ, дурӯғ нагӯ, фиреб надеҳ, қадами беҷо нагузор, гап нагардон, аввал андеша баъд гуфтор, пиронро ҳурмат кун, нонрезаро аз роҳ бардор, дасти афтодаро гир, бадӣ накун, меҳрубон шав, хайрхоҳ бош.


Бале, мо миллати қонунем ва қонунгузорӣ ихтирои гузаштагони мост, зеро аввалин Эъломияи қонуни башар дар дунё, ки асоси қонунгузорӣ дар олам буда, асоси пайдоиши конститутсияҳоро гузоштааст, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.
Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд. Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодашавии онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10-уми декабри соли 1948 қабул карда шудааст), ба чашм мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр намудаанд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуву ним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
Ҳамин тариқ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир нахустсанадест дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва татбиқи он. Ин ҷо таваҷҷуҳи шуморо ба матни Эъломияи Куруши Кабир, ки ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорист, ҷалб менамоем: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».
Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Бо гузашти солҳо ҳар давлате, ки арзи вуҷуд кард, сарқонуни худро қабул намуд. Дар кишвари мо низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст) кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар баҳри расидан ба ин ҳадафҳо пайваста чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.


Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 05.11.2025 №: 214