ДАВЛАТДОРӢ. ДАР ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОШТА БОШЕМ!

12 ноябр 2025, Чоршанбе
20


«Мероси таърихию фарҳангӣ яке аз арзишҳои бузурги миллат аст. Ҳифз ва эҳтироми ин мерос на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Мо бояд ба наслҳои оянда онро дар шакли аслӣ ва пурра расонем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Мероси таърихию фарҳангӣ арзишмандтарин ганҷинаи як миллат аст. Ҳар як ёдгорӣ - новобаста аз бузургӣ ё хурдиаш қиссаи рӯзгор, илму фарҳанг ва тафаккури ниёгонро дар худ дорад. Ҳифз ва муҳофизати ин сарват на танҳо масъулияти давлатӣ, балки вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Аз ин рӯ, ҳифз ва муҳофизати ин сарватҳо танҳо вазифаи кормандони соҳаи фарҳанг, осорхонашиносон ё бостоншиносон набуда, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, зеро ин мерос ба наслҳои оянда тааллуқ дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 44 вазифаи ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангиро бар дӯши ҳар шахс мегузорад. Барои амалисозии ин меъёр як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ қабул шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи ҳифзи табиат» ва дигар санадҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои миллӣ. Ин қонунҳо на танҳо тартиби ҳифз ва истифодаи ёдгориҳоро муайян мекунанд, балки барои вайрон кардани онҳо ва қочоқи ашёи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ҷавобгарӣ низ пешбинӣ менамоянд.
Дар замони муосир қочоқи осори фарҳангӣ ба яке аз роҳҳои ғайриқонунии даромади гурӯҳҳои муташаккили байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин амали ғайриқонунӣ баъзан бо шабакаҳои фурӯши маводи мухаддир ва силоҳ иртиботи мустақим дорад.
Қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Чунончи, тибқи моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ, (қочоқ), интиқоли ғайриқонунии осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукӣ ба сифати ҷинояти вазнин эътироф шудааст.
Қочоқгарони осори таърихӣ дар аксари ҳолатҳо бо шабакаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ доранд ва маблағҳои ғайриқонунӣ ба даст меоранд. Аз ин рӯ, ҷазо барои чунин кирдорҳо сахт аст. Дар моддаи 289 қисми 3, 4 ва 5 Кодекси ҷиноятӣ чунин омадааст: «Интиқоли ғайриқонунии осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол ҷазо дода мешавад. Агар ин кирдор такроран, бо истифодаи мақоми хизматӣ ё бо зӯроварӣ содир шавад - ҷазо то 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад ва агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардад то 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад». Ин меъёр нишон медиҳад, ки қочоқи арзишҳои фарҳангӣ ҳамсатҳи қочоқи маводи мухаддир, силоҳи қатли ом ва моддаҳои радиоактивӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд дар назар дошта бошем, ки осори таърихию фарҳангӣ на танҳо як бозёфти бостоншиносӣ аст, балки рамзи давлатдорӣ, таърих ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ба қочоқ бурдани чунин арзишҳо маънои пора-пора кардани таърихи миллат, аз даст додани сарчашмаҳои илмӣ ва осеб расондан ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалиро дорад. Аз ин рӯ, қонунгузорӣ моликияти хусусӣ ва давлатӣ доштани объектҳои таърихию фарҳангиро танзим мекунад. Ҳамаи чунин объектҳо бояд дар Феҳристи давлатии мероси таърихию фарҳангӣ сабт ва танҳо бо иҷозати махсус интиқол ё иваз карда шаванд.
Осорхонаҳои кишвар, бахусус Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент, бо захираҳои гаронбаҳои худ як маркази муҳими муҳофизати мерос ба ҳисоб мераванд. Мутахассисони ин муассисаҳо на танҳо ба ҳифз ва муаррифии ёдгориҳо машғуланд, балки дар самти пешгирии қочоқ, огоҳсозии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши калидӣ доранд.
Дар баробари ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷавонон ва расонаҳо низ метавонанд дар мубориза бо қочоқ бо роҳи таблиғ, фош кардани амали қочоқбарон ва ташаккули фарҳанги ҳифзи мерос дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. Пешгирии қочоқ на танҳо бо қонун, балки бо ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърих амалӣ мешавад. Ҳар шаҳрванде, ки як бозёфти қадимиро муҳофизат мекунад ё дар бораи қочоқ хабар мерасонад, дар асл як саҳифаи таърихро аз нобудӣ наҷот медиҳад.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент”

Санаи нашр: 11.11.2025 №: 216