БАХТУ ИҚБОЛ

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
2


Ҳар сафари кории Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷӯшу хурӯши созандагӣ ба амал меорад. Ин руҳия ба хурду бузург неруи тоза, шодиву нишот ва дилпурӣ мебахшад, ки Сарвари давлати соҳибистиқлол пайваста дар талоши беш аз пеш обод кардани мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди мактабу маориф, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои нав ба нави саноатӣ, бунёди роҳу пул ва нақбҳои афсонавианд.
Чун сафарҳои кории Президентро ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Рашт, кору пайкор, бунёдкориҳои рӯзафзуни мардумро ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари Меҳан пеши назар биорем, дил аз ифтихор ва шодиву сурур лабрез мешавад.
Дар як фосилаи начандон зиёд бунёди шоҳроҳ, нақб ва пулҳои бузурги афсонавӣ, муассиса, донишгоҳу мактабҳои боҳашамат, корхонаҳо бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Президенти муҳтарам амалӣ шудаанд.


Ин роҳ, ки аз Вахшу зи Хатлон гузарад,
То Чин зи миёнаи Бадахшон гузарад.
Исмоили Сомонӣ на чунин армон дошт,
Эмомалӣ бин: сарвари корвон гузарад.


Деҳаҳое аз ҷиҳати меъморӣ ва ороиши боғу гулгаштҳо шабеҳи шаҳр ва дорои қасрҳои дилкушои фарҳанг мегарданд. Ин навсозиҳо бо амри дил, бо маблағгузориҳои ҷавонмардони соҳибкору сармоядор бунёд шуда. Офарин! Намунаи ибрат. Нишонаи баланд шудани завқу зебоипарастӣ ва барои ҳамдиёрон омода кардани фазову шароити шоистаи зиндагӣ, ҷаҳиши бузург. Бахту иқбол, шаъну шарафи давлат…
Аммо, вақте Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаҳои чанде пеш аз офати заминларза валангоршудаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ташриф овард, дидем, ки пиру барнои он рӯзҳои мудҳиш аз харобиву фурӯ афтидани хонаҳояшон парешонҳолу афтодаруҳ, ноумеду ғамзада, ашк дар чашм, магар то фасли сармо боз соҳиби сарпаноҳ ё манзиле мешуда бошанд? Акнун аз вафо кардани Президент ва Ҳукумат ба аҳдашон мамнуну сарфароз, бо чашмони аз нури шодӣ рахшон, ӯро бо самимият пешвоз ва аз дасти Президенти хеш калиди хонаҳои навсохти бо тамоми ҷиҳози зиндагӣ муҳайёро гирифта, басо зебо бо ҳазлу шӯхӣ ва дили аз ифтихор саршор суҳбати озод меороянд. Яке ба ӯ: “Бачаи ширин”, дигаре: “Падар”, хурдсолону наврасон “Бобоҷон” муроҷиат мекунанд. Аз ин бахту комронӣ чаро наболанд?!
Ин манзараи хушро тамоми мардуми ҷумҳурӣ дида, дилпур мешаванд, ки Ҳукумат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳашон ҳасту Президент Эмомалӣ Раҳмон Пешвои ғамхорашон. Дар рӯзҳои мушкилу тангдастӣ онҳоро ҳаргиз фаромӯш накарда, бедареғ ёриву мадад мерасонанд.
Таҷрибаи ғаниву фаровони роҳбарӣ, зиёда аз ин, ҷонпайванд будан ба миллату давлат, шабу рӯз дар андешаи пойдории асолати миллӣ, боло бардоштани сатҳи маърифати мардум, иқтисодиёти давлат, эҳёи расму оинҳои бостонӣ, хотираи таърихӣ, ворисӣ кардани мероси гаронбаҳои қадима ва ё бузургдошти абармардони бузурги илмиву адабӣ ва сиёсӣ, бунёди иншооти муҳташами ҳаётан муҳим Президентро чун фарзанди фарзона ва роҳбари тавоно дар дили мардум ҷой кардааст.
Ин ҳам меваи шаҳдбори замони соҳибистиқлолӣ аст, ки фарзанди накуноми модари тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсати бузург баровард ва чун Президенти муваффақ дар сартосари ҷаҳон машҳур кард.


Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217