ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЛАТАИ ҲИСОБ.  ҚАБУЛИ ҚОНУН ДАР ТАҲРИРИ НАВ ТАЪМИНИ  УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИСТ

ПАЛАТАИ ҲИСОБ.  ҚАБУЛИ ҚОНУН ДАР ТАҲРИРИ НАВ ТАЪМИНИ  УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИСТ

10 май 2023, Чоршанбе
43
0

 
Палатаи ҳисоб мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити берунаи мустақилро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, барои такмили он пешниҳод ирсол менамояд. Лекин мутобиқи санадҳои меъёрии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи Лима, Эъломияи Мексика ва қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (22 декабри соли 2011, 19 декабри соли 2014) дар бораи мусоидат ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ, натиҷанокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ бо роҳи тақвияти мақомоти олии аудит, Палатаи ҳисоб мақоми олии аудити берунаи мустақили давлатӣ эътироф гардида, вазифаи он аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати кишвар дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ иборат аст.
Ин матлабро Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни барассии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» (10 боб ва 56 модда) дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Ӯ афзуд, ки солҳои 2018-2022 дар доираи қисмати «Тақвияти аудити беруна»-и лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» аз ҷониби ширкати байналмилалии CIPFA (Chartered Institute of Public Finance and Accountancy, Британияи Кабир) санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аудити берунаи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва мониторинг қарор гирифт. Тибқи тавсияҳои ин ширкат, барои мутобиқ гардондани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мустақилияти Палатаи ҳисоб, мутобиқ намудани фаъолияти он ба санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, зарурати дар таҳрири нав қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб» ба миён омад. 
Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) таъкид карда буданд, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи мутобиқати қонунгузории миллӣ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи он, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву мақсаднок ва шаффофияти хароҷоти он, мукаммалсозии аудити беруна ва идоракунии неруи инсонӣ, инчунин ба таври васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ чораҳои судманд андешида шаванд. 
Инчунин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030 такмил додани низоми назорати молиявии давлатӣ ва аудити дохилию беруна пешбинӣ гардидааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур Палатаи ҳисоб барои амалигардонии фаъолияти аудиторӣ методологияи мувофиқ ва стандартҳои аудитро, ки ҳамчун меъёр, тартиб ва қоидаҳои амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ ба шумор меравад, пешбинӣ намудааст. Гузашта аз ин, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки ҳиссаи давлат дар сармояи онҳо назоратшаванда ба ҳисоб меравад, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости Маҷлиси намояндагон ҳангоми 10 дарсад ва зиёда аз онро ташкил намудани ин ҳисса, амалӣ намудани аудит аз ҷониби Палатаи ҳисоб пешбинӣ мешавад. 
Ба  андешаи  Рустам Раҳматзода, вакили Маҷлиси намояндагон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 июни соли 2011, таҳти № 749 қабул гардида, пас аз 6 моҳ (12 декабри соли 2011) Палатаи ҳисоб таъсис дода шуда, ба таври пурраву мукаммал аз аввали соли 2013 ба фаъолият шуруъ намудааст. Бинобар ин, Қонуни мазкур баъзе камбудиву норасоиҳо низ дорад. Бар замми ин, ҳолатҳои дигаре ҷой доранд, ки зарурати таҳия ва қабули Қонунро дар таҳрири нав ба миён овардааст.

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив