ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҶОМЕА МЕТАВОНАД НАҚШИ СУДМАНД ГУЗОРАД»

Мо назари хоси худро дар ин маврид борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз намуда, таъкид кардаем, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардондани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии на танҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Шукронаи истиқлолу сулҳу салоҳи пойдори кишвар, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо рушд дорад. Сокинони саодатманд бо хушҳолӣ саргарми кору пайи ободонии диёранд. Азбаски зиёда аз 97 дарсади мардуми Тоҷикистон пайрави дини ислом аст, Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандон тамоми шароит: гирифтани таълими динӣ дар донишкада, озодона ибодат кардан дар масҷидҳоро муҳайё сохтаанд. Намояндагони дигар динҳо низ озодона маросиму тоату ибодати худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки зери сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ омаданд. Дар ин робита, вобаста ба ҳифз ва гиромидошти арзишҳои динӣ ҳам иқдомоти шоиста рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, чопи тарҷумаи Қуръони карим ба теъдоди 50 ҳазор нусха, баргузории нахустин Озмуни ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, озмуни наъту муноҷот, мақоми давлатӣ касб кардани Донишкадаи исломӣ, ифтитоҳи Маркази исломшиносӣ, дар сатҳи милливу байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба истифода додани бузургтарин Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душунбе бо имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузор дар як вақт, биноҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит барои 2500 донишҷӯ, далели гуфтаҳои болоянд. Ҳамаи онҳо, бешубҳа, барои баланд бардоштани шуури динӣ ва маърифати исломии мардуми азизи кишвар мусоидат хоҳанд кард ва онҳоро метавон ҳамчун нишонаи ҳусни таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон ва ба таври солим густариш ёфтани муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ арзёбӣ намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Паёми шодбошии худ ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон табрик мегӯянд. Дар Паёми шодбошиашон мардумро ба худдорӣ аз исрофкорӣ, садақа додан ба ниёзмандон, тарбияи фарзандон дар роҳи дуруст, таҳкими дӯстии байниҳамдигарӣ ва дигар амалҳои нек даъват карда, аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) далел меоранд.
Масалан, дар паёмҳои шодбошии Пешвои миллат омадаанд:
– Худои таоло ва Расули акрам ба муъминон бо обилаи дасти худ меҳнат карда, нони ҳалол хӯрданро борҳо таъкид кардаанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ чунин мефармояд: «Ҳеҷ кас беҳтар таоме нахӯрда, ки аз меҳнати худи ӯ бошад», зеро меҳнати ҳалолу холисона дар роҳи Худо ибодати маҳз аст, ки ҷавҳари ахлоқии онро парҳезгорӣ ва ихлос ба арзишҳои динӣ ташкил медиҳад.
– Дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари гиромӣ (с) омадааст, ки сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дӯзах наздик аст.
Мо, мардуми мусулмон, бояд ҳамеша аз чашмаи ноби фарҳангу тамаддуни миллӣ ва динии худ бархурдор бошем, бо роҳи ободонӣ пеш равем, ба даргоҳи Худованди мутаол барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати халқи ҷаҳон дуо кунем.
«Агар мард фарзандро адаб биёмӯзад, беҳтар аз он аст, ки садақа бидиҳад». Яъне, тарбия ва таълими фарзанд беҳтарин садақа буда, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди мусулмон маҳсуб мешавад.
– Ба қавли Расули акрам (с), беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хуб ва писандида аст ва, агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад; падар ба фарзанди худ ҳеҷ ҳадяеро беҳтар ва бартар аз тарбияти хуб набахшидааст.
Пайғамбари акрам (с), ҳамчунин, дар як ҳадиси муборак фармудаанд: "Фарзандонатонро эҳтиром бигузоред, ононро хуб адаб омӯзед ва ахлоқу рафторашонро неку ислоҳ намоед".
Ба инҳо монанд метавон чандин мисоли дигар овард, ки аз пуштибонии дини ислом ва ҳидоят кардани Пешвои миллат ба амал намудан ба оятҳои Қуръону ҳадисҳои Расули акрам (с) далолат мекунанд. Як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин бор зиёрати хонаи Каъба ва равзаи Паёмбари ислом (с)-ро анҷом дода, ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудаанд, ки на ба ҳар кас чунин шарафмандӣ муяссар мегардад.
Пайваста пуштибонӣ намудан аз дини мубини ислом дар арсаи ҷаҳонӣ Пешвои миллатро маҳбуби мардуми мусалмон кардааст. Ҳамин аст, ки Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусулмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чандин маротиба ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил намудааст. Ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»
