АЗ ДИРАФШИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

24 ноябр 2025, Душанбе
7


Парчам аз замонҳои қадим ифодагари озодӣ ва мустақилияти сарзаминеро ифода менамуд. Таърихи он беш аз се ҳазор солро дар бар гирифта, ҳамчун рамзи мубориза бо душманон истифода мешуд. Парчам матоъ ё аломате буд, ки ҷанговарон тавассути он лашкарро ба ҳам меоварданд. Аскарон тавассути он душманро аз худиҳо фарқ карда, онро муқаддас медонистанд.
Ҳазорсолаҳо қабл аз мо қавмҳои гуногун дар парчам аломатҳои хоси худро тасвир мекарданд, мисли аксҳои ҳайвонот, рустанӣ, олоту ахтар.
Тавре дар адабиёт омадааст, нахустин парчамҳо дар Миср, Эрони Қадим ва Чин пайдо гардидаанд. Парчамҳо то замони мо шаклу андозаи худро тағйир дода, дар замони муосир муаррифкунандаи халқу миллат ва давлати дорои истиқлолияти комил шинохта мешавад. Аз ин рӯ, кишварҳо ба ин рамзи муқаддас бо эҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрозии онро қонунан муайян кардаанд.
Миллати тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби давлат буда, фарҳанги баланди давлатсозию давлатдорӣ доштанд. Яке аз нишонаҳое, ки соҳибтахту соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро собит менамояд, парчам аст. Намунаи барҷастаи онро метавон дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” пайдо намуд. Дар ин асар Фирдавсӣ чи гуна аввалин бор пайдо гардидани парчамро, ки то имрӯз бо номи “Дирафши Ковиён” машҳур аст, ба қалам додааст. Дар достони “Коваи оҳангар” Фирдавсӣ ҳикоя мекунад, ки чи тавр Кова барои ҳимояи марзу бум ва фарзандону халқаш муқобили душман бархоста, ба ҳайси дирафш ва ё парчам пешдомани чармини худро истифода намуд ва халқу миллатро аз зулму истибдоди душманон наҷот дод.
Шоҳони баъдӣ, ки ба сари тахт омаданд, ба “Дирафши Ковиён” арҷ гузошта, онро ҳамчун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ ва ғолибияти равшанӣ бар зулмот эътироф намуданд. Ин корро нахустин шуда Фаридун ҳангоми ба тахти шоҳӣ нишастан анҷом дод ва ин матоъ бо зару зевар зебу зиннат дода шуд. Он ҳоло дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, шаҳодати роҳи минбаъдаи халқу миллати тоҷикро баҳри зиндагии арзанда баён месозад.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари парчами садҳо давлат дар назди биноҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк барафрохта шуда, ифодагари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Тавре дар Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1х2 м аст. Ҳар як аломат ва рангҳои Парчам маънии ба худ хос дошта, баёнкунандаи миллати тоҷдору соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. Тавре дар шарҳи Парчам омадааст: ранги сурх – муборизаю ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардондани Ватан мебошад. Аломати тоҷ дар Парчам ифодагари тоҷдору тоҷбарсар ва соҳибдавлату мустақил будани Тоҷикистон буда, ҳафт ситора баёнгари ҳафт иқлим ва ҳафт рӯзи ҳафта мебошад.
Ба хотири эҳтироми бештар ба Парчам ва ҳифзу гиромидошти он ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдом нахустин бор пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19-уми ноябри соли 2009 бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта шуд. Ҳамин тавр, аз соли 2009 дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу манзалати хосса таҷлил мегардад.
Дигар кишварҳои олам низ Рӯзи Парчами давлатиашонро ҷашн мегиранд. Дар баъзе мамолик, ба мисли Туркманистон, ин рӯзро таътил эълон кардаанд. Дар кишварҳои гуногуни пешрафта, назири ШМА, Канада, Мексика, Лаҳистон, Ҷопон, Швейтсария ва Либерия низ рӯзи парчамро чун иди умумимиллӣ истиқбол мегиранд.
Дар кишварҳои гуногун сутунпояҳои бузурги парчам сохта шудаанд. Аз ҷумла, дар Озарбойҷон - 162 метр, ҶХД Корея - 160 метр, Урдун - 133 метр, Уммон - 126 метр. Дар Тоҷикистон соли 2011 дар канори рости Қасри миллат баландтарин сутунпояи Парчам сохта шуд. Баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бараш 30 метрро ташкил дода, вазнаш 420 кило мебошад. Он рӯз намояндаи "Китоби рекордҳои Гиннесс" ба Тоҷикистон ташриф оварда, онро расман ҳамчун баландтарин Парчам дар дунё сабт намуд. 23-юми сентябри соли 2014 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сутуни 171-метрӣ сохта шуд, ки 6 метр баландтар аз сутунпояи Парчами Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба миллат ва нажод, бо ифтихору ихлосмандӣ ба Парчам эҳтиром гузошта, дар ҳама чорабиниҳои дохилу хориҷи кишвар гирди он ҷамъ меоянд. Парчами давлатии кишвар дар баланд гардидани ҳисси худшиносию худогоҳии мардум таъсир мерасонад.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224