ПАРЧАМ ИФТИХОР МЕОФАРАД
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттифоқу ягонагии миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост. Парчам ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст. Ин муқаддасоти миллӣ 24-уми ноябри соли 1992 қабул шуда, аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ то имрӯз ҳамчун нишонаи ваҳдат, субот ва давлатдории муосири тоҷикон мавқеи устувор касб намудааст. Бояд гуфт, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба миллат ва давлат мебошад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.
Сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова дар тақвияти гуфтаҳои мавриди назар андешаҳояшро чунин иброз намуд:
– Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи кишвар ҳамеша роҳнамову роҳкушо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин сутунпояи Парчами давлатӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризоияти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волои ватандорӣ хеле бузург аст. Парчами давлатии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррон ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда, оини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро ба аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумӯи фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии кишварро таъмин намуда, пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Имрӯз, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормони таърихии миллату давлатдории тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009-ум, 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Тавре Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.
Воқеан, парафшон будани Парчам дар мактабҳо, донишгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҷашнҳои миллӣ ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар дили ҳар як тоҷик ҳисси ифтихор ва ғурур меофарад. Ҳар як шаҳрванд, ки парафшонии Парчамро мебинад, дарк мекунад, ки ободии кишвар ба меҳнат, дониш ва масъулияти ӯ вобаста аст. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки нишони ифтихору шарафи ҳар як сокин аст. Он моро ба ваҳдат, меҳнати созанда ва ҳифзи Ватан ҳидоят мекунад. Эҳтироми Парчам эҳтироми таърих, замин, падару модар ва ояндаи миллат аст. Ҳар фард бояд ин рамзи муқаддасро дӯст дорад ва дар рушду ободии кишвар саҳм гузорад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
