КОДЕКСИ ТАНДУРУСТӢ. ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД

02 декабр 2025, Сешанбе
9


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуда, Қонун қабул гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия гардидааст.
Зикр гардид, ки мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаҳои 16, 18, 22, 31, 36, 67, 68, 71, 74, 105, 126 ва 130 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, минбаъд маблағгузории низоми тандурустӣ, истифодаи захираҳои молиявии онҳо, фаъолияти хусусии тиббӣ ва муоинаҳои тиббӣ, тариқи пардохти ғайринақдӣ амалӣ мешаванд.
Ҳамзамон, бо мақсади мутобиқ намудан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунада ва мукаммалгардонӣ ба моддаҳои 24, 68, 188 ва 220 тағйиру илова ворид карда шудаанд.
– Лоиҳаи Қонуни мазкур ба хотири таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ бо тамаркуз ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 бармеояд, пешниҳод шуд. Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки шаффофияти амалиёти молиявӣ дар самти пардохту хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи самараноки онҳо таъмин гарданд, – гуфт Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ.


Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230