БА ҚОНУН “ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” МОДДАИ НАВ ИЛОВА ШУД

08 декабр 2025, Душанбе
6


Аз меъёру муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва истифодаи рӯзмарраи забони давлатӣ бармеояд, ки баъзе масъалаҳо дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ, ҳуқуқӣ ва дигар равандҳо дар самти сиёсати давлат доир ба забони давлатӣ ба бознигарӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарурате ба миён омад, ки баъзе аз моддаҳои Қонуни мазкур таҷдиди назар шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шаванд.
Ин нуктаро Саодатшо Матробиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз намуд. Ӯ изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Қонуни мазкур дарҷ нашудааст, ин роҳҳои истифодаи забони имову ишора барои шахсони ногӯёву ношунаво дар кишвар мебошад. Бар асоси муқаррароти моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ҷиҳати муайян намудани забони имову ишора дар кишвар ва доираи истифодаи дигар забонҳо дар забони имову ишора, инчунин, фароҳам овардани шароит барои омодасозии мутахассисон дар ин соҳа моддаи алоҳида таҳти унвони “Моддаи 41. Забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод мегардад, ки аз 3 қисм ташкил меёбад.
Ба иттилои Саодатшо Матробиён, доир ба танзим ва риоя гардидани забони нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, моддаи 121 бо унвони “Забони нишастҳои матбуотӣ” илова мегардад, ки бар асоси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд.
– Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки дар бисёр моддаҳои Қонуни мазкур камбудиҳо ба мушоҳида расида, масъалаҳои зиёде дар самтҳои гуногун аз назар дур мондаанд. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омадааст, ки ба баъзе моддаҳои Қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид шаванд, – гуфт Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.12.2025 №: 233