ПАРТОВҲО БА КОРКАРДИ ДУРУСТ НИЁЗ ДОРАНД Ё ЧАРО АККУМУЛЯТОРҲО НОБУДСОЗӢ (УТИЛИЗАТСИЯ) МЕШАВАНД?

10 декабр 2025, Чоршанбе
8


Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” баррасӣ шуда, тасдиқ гардид.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки Хадамоти гумрук бо мақсади таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, коҳиш додан ва назорати маҷмуии ифлосшавии муҳити зист, муҳофизати саломатии шаҳрвандон ва пешгирии зарари партовҳои хатарноке, ки дар натиҷаи фарсудашавӣ ва истифодаи аккумуляторҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд, лоиҳаи Қонуни мазкурро таҳия намуд.
Тибқи лоиҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба ҷорӣ намудан ва ситондани пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и аккумуляторҳо пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, қарор аст, барои нобудсозӣ аз аккумуляторҳои барқии ба ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пардохт ситонда шавад.
– Ҷорӣ намудани пардохти ҳатмии нобудсозӣ (утилизатсия) барои базаҳои алоқаи мобилии истифодашуда ва аккумуляторҳои воридшаванда ба он равона шудааст, ки аз ҷамъшавии партовҳои хатарнок пешгирӣ карда, назорати гардиши таҷҳизоти истифодашуда тақвият ёбад ва имкони коркарди дурусти чунин партовҳо дар сатҳи давлатӣ таъмин гардад, – гуфт Сиёвуш Наботзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия.


Шодмон АБДУРАҲИМ,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235