БЕДОРИИ МИЛЛӢ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

10 декабр 2025, Чоршанбе
8


Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Ватандорӣ, истиқлоли миллӣ ва ваҳдату осоиштагӣ бузургтарин неъматеанд, ки қимати онҳоро ба арзиши ҳеҷ чизи дигар баробар кардан имкон надорад.
Чун давлати абарқудрати Сомониён баъди 102 солу шаш моҳу даҳ рӯзи мавҷудият суқут кард, решаву бунёди миллат сахт такон хӯрд. Касе таърихи миллатро эҳтиром мекунад ва меомӯзад, нағз дар хотир дорад, ки ин фоҷиаи бузурги миллӣ дар тули беш аз 1100 соли минбаъда аз лавҳи хотири миллат зудуда нагашт, ҳамеша ба ёди он давлати абарқудрат оҳи сард мекашиданд ва ёди истиқлоли миллӣ мекарданд.
Ниҳоят офтоби истиқлол ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон нурҳои сафобахш пошид ва ба мазраи дилҳо расид. Миллати тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро ба ҷаҳониён эълон кард.
Пас аз ноил шудан ба истиқлолу озодӣ Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз ба дастоварду муваффақиятҳое ноил гардид, ки қобили таҳсин мебошанд. Дар ин давраи тиллоӣ обрӯ ва эътибори давлат зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ин аст, ки имрӯзҳо дастоварду пешравиҳо дар ҳама самти ҳаёт дида мешаванд. Вале фаромӯш набояд кард, ки зиндагӣ ҳамеша шебу фароз дорад ва ин ҳолат дар ҳама давру замон ва давлату давлатдорӣ низ ба вуқуъ мепайвандад.
Зимни давлату давлатдорӣ, дар баробари муваффақияту музаффарият, инчунин нокомиву нобарорӣ ҳам ба амал омаданаш имкон дорад. Аммо дар ҳар ҳолат мо набояд бузургтарин дастовардҳои миллӣ – истиқлолу озодӣ, ваҳдату осоиштагиро аз мадди назар дур созем. Зеро омилҳои табиӣ ё дигар ҳолатҳое, ки ба пешравии баъзе аз самтҳои хоҷагии халқ монеа мешаванд, набояд дар дили мардум руҳафтодагиву ноумедӣ ё нобовариву адоватро ба вуҷуд биёранд.
Камобиву хушксолӣ ҳодисаи табиӣ буда, ба кам гардидани истеҳсоли барқи обӣ, ки асоси онро дарёҳои шодоби кишварамон ташкил медиҳанд, боис гардидааст. Барои мисол, дарёи “Вахш”, ки он аз ду рӯди азим – “Сурхоб” ва “Хингоб” маншаъ мегирад, имрӯзҳо дар баъзе аз мавзеъҳои он пиёда гузаштан имкон дорад, ки дар солҳои охир чунин ҳолат бесобиқа мебошад. Ва ин ба иродаи касе ё ниҳоде вобастагӣ надорад. Баъзан инсоният дар пеши ҳодисаҳои табиӣ ва рафъ намудани онҳо оҷиз мебошад. Ин ҳолат низ муваққатӣ буда, бо изни Худо дарёҳои нурафзои Ватани маҳбубамон шодоб гардида, мушкилоти бебарқӣ ҳам дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳалу фасл мегардад. Чунин ҳолат дар дигар кишварҳо низ ба амал омадаанду меоянд. Дар бисёр маврид бисёре аз онҳо ин гуна ҳолатҳоро бо амри тақдир тавре пушти сар менамоянд, ки гӯиё ҳеҷ гап нашуда бошад, зеро ҳама сиру асрорро фош кардан оқибати нек ба дунбол надорад.
Аз ин лиҳоз, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири ҳазорсолаи гузашта мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Ваҳдати миллӣ бошад, бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин барои миллати тоҷик ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ифтихори бузург аст.
Бинобар ин, ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки дар ҳама лаҳзаҳои нокомиву мушкилӣ беш аз ҳар вақти дигар дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид бошем, истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва пешрафту шукуфоии он софдилона ва аҳлона саъю талош намоем.
Мо бояд ҳеҷ гоҳ воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фаромӯш насозем ва онро ҳамчун як имтиҳони ҷиддии таърихӣ ва давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу оянда ҳамчун сабақ бипазирем. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват:
Тоҷик умре хӯрд фанди аҷнабӣ,
3-он ки ӯ бишнид панди аҷнабӣ.
Водареғо дер фаҳмидаст ӯ,
Заҳри қотил дошт қанди аҷнабӣ.
Бахусус ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо мебошад, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки истиқлолу озодӣ, ваҳдату осоиштагӣ бузургтарин неъматест, ки пас аз 1100 соли бедавлатӣ ба миллати тоҷик муяссар гардидааст. Нигоҳ доштани ин неъмати беназир дар шароити имрӯза масъулияти бузургу сангин буда, аз онҳо, пеш аз ҳама, доштани ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номус, баъдан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишандӯзӣ ва бархӯрдор будан аз илмҳои муосирро тақозо мекунад.


Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235