Мо ва ояндаи мо
МАОРИФ
Мо ва ояндаи мо
То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯ наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ин хитобаи пуризтироб, аммо бисёр муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст, зеро, воқеан ҳам, бетаваҷҷуҳӣ ба маориф, бавижа ба фанҳои дақиқ дар олами муосир моро ба қафо мебарад, на ба пеш. Аз ҷумла, дарси математика илмест, ки дар тамоми соҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ лозим аст. Ин илм танҳо маҷмуи формула ва қоидаҳо нест, пеш аз ҳама воситаи андешидан, таҳлил ва хулоса баровардан мебошад. Асоси тамоми математика тафаккури мантиқист. Бе мантиқ фаҳмидани масъалаҳои математикӣ, исботҳо, ҳисобҳо ва равандҳои далелгузорӣ ғайриимкон мегардад.
Ин навъи тафаккур ба инсон имкон медиҳад, ки робитаи сабабу натиҷаро дарк кунад, далелҳоро муқоиса намояд ва қарорҳои дуруст қабул кунад.
Математика пур аз мафҳумҳои абстрактӣ, ба мисли мисли ададҳо, функсияҳо, ҳодисаҳои эҳтимолӣ ва ғайра мебошад, ки барои дарки ин мафҳумҳо тафаккури мантиқӣ зарур мебошад. Яке аз муҳимтарин бахшҳои математика исбот кардан аст. Исботи ҳар қонун ё теорема танҳо бо роҳи фикррониҳои мантиқӣ анҷом меёбад. Математика ба инсон ёд медиҳад, ки пеш аз қабул кардани хулосаҳо далелҳоро биомӯзад.
Тафаккури мантиқӣ дар омӯзиши математика нақши калидӣ дорад. Рушди мантиқ инсонро дар таҳсил, касб ва зиндагӣ ба маротиб устувор ва тавоно месозад. Аз ин рӯ, омӯзиши математика на танҳо омӯзиши ададҳо, балки омӯзиши тарзи дурусти фикр дар роҳи рушди дурусти ҷомеа мебошад.
Назира САБУРОВА, омӯзгори фанни математикаи МТМУ №51, ноҳияи Деваштич
