Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Император Наруҳито

22 декабр 2025, Душанбе
7

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Император Наруҳито

19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито вохӯрданд.

Зимни вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегирад.

Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ ва омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт таъкид гардид.

Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.

Санаи нашр: 22.12.2024 №: 241-242