ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗОР НАҒЗИБЕКОВ: “БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОРОМИИ ВАТАН БИРАСЕМ!”

БОЗОР НАҒЗИБЕКОВ: “БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОРОМИИ ВАТАН БИРАСЕМ!”

16 май 2023, Сешанбе
16
0


Бобои Бозор Нағзибеков 19 ноябри соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, ҳоло 97 сол дорад. Ӯ солҳои 1944-1947 дар Артиши шуравӣ адои хизмат намудааст. Новобаста аз солхӯрдагӣ хеле буррою фаҳмо ва бо табассум суҳбат мекард. Қиссаи саршор аз таърихи дирӯз ва бо панду насиҳат аз ҳаёти имрӯз қисса менамуд. 

Ба нақли бобои Нағзибек соли 1941 вақте ҷанг оғоз мегардад, аз шаҳри Душанбе як гурӯҳ мутахассисон барои омода намудани коргарон барои фабрикаву заводҳо ба шаҳри Хоруғ мераванд ва баъди омӯзиш ӯро бо гурӯҳе аз ҳамсолонаш ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) меоранд. Баъд аз омӯзиши курси коргарӣ ва хатми мактаб дар комбинати нассоҷӣ ба кор мепардозад. Соли 1943 ӯро ба колхози ба номи Максим Горкийи ноҳияи Тавилдара, собиқ вилояти Ғарм мефиристанд. Дар ин ҷо ҳамчун муҳосиб фаъолият мекунад. 
– Солҳои ҷанги хонумонсӯз қувваи корӣ намерасид. Шахсони босавод низ, ангуштшумор буданд ва дар колхоз ташкилоти комсомолӣ ҳам набуд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки ташкилоти комсомолиро худ асос гузорам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо дастгирии гурӯҳи ҷавонони фаъол корро оғоз кардем ва маро ба ҳайси роҳбар интихоб карданд. Моҳи октябри соли 1943 дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодаравида монда буд. Аз ҳисоби ҷавонон як бригадаи хуб созмон дода, дар давоми ду рӯз бо дастаи 40-нафара ғалларо даравида, ҳосилро ба анборҳои хоҷагӣ супурдем, – қисса мекунад бобои Бозор. 
Номбурда дар идомаи суҳбат чӣ тавр ба сафи Артиши шуравӣ пайвастанашро мухтасар баён дошт: “Охири тирамоҳи соли 1944 бо як даста наваскарон, ки роҳбаладиашонро ба зиммаи ман гузошта буданд, аз Қалъаихумб (Дарвоз) ба шаҳри Сталинобод равон шудем. Аз таъсири  сардии ҳаво ва набудани либоси гарм пойи ду наваскарро хунук зад ва ман барои пурра кардани ҳайат бо вуҷуди брон (хатти ба ҷабҳа нарафтан) доштанам номзадии худро пешниҳод кардам... Гурӯҳи моро нахуст ба шаҳри Оренбург бурданд ва дар он ҷо шаш моҳ омодагии ҷангӣ дидем. Ман чаҳор сол дар Владивасток, Варашиловск ва Иркутск хизмат намудам ва соли 1947 ба Ватан баргаштам.
Баъди бозгашт ба Ватан Бозор Нағзибеков фаъолияти ҳизбии худро идома дод ва дар чандин мақомҳои роҳбарӣ фаъолият кард. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи 5 фарзанд, 16 набера ва 17 абера давлати пирӣ меронад. Меҳринисо фарзанди калонии бобои Бозор, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Файзинисо, сардори комиссияи муоинаи тиббии Вазорати корҳои дохилӣ ва табиби собиқадор мебошад. Зебунисо, Назаршо ва Моҳитобон аз рӯи ихтисос иқтисодчианд ва ҳар яке дар ҷомеа соҳиби обрӯву эътибор ва мавқеи хосанд. 
– Ман дар ҳаёт бисёр вазниниҳои рӯзгорро таҷриба кардам. Дар давраи ҶБВ гуруснагӣ авҷ гирифта буд. Бо вуҷуди ин, ҳама аз рӯи шиори “ҳама барои ҷанг”, “ҳама барои фронт” амал менамудем. Имрӯз, ки дар даврони осоишта ва серу пур умр ба сар мебарем, бояд ба қадри сулҳу оромии Ватан расем, зеро аз ин дида неъмати беҳтаре нест. Ҷавононро зарур аст, ки заҳматпешаву содиқ ба арзишҳои ватандорӣ бошанд, зеро барои онҳо тамоми шароити таҳсилу кор фароҳам аст, – иброз дошт бобои Нағзибек. 

Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив