ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕҲҚОНӢ. САҲМИ ЗАНОНИ МЕҲНАТКАШ ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

ДЕҲҚОНӢ. САҲМИ ЗАНОНИ МЕҲНАТКАШ ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

16 май 2023, Сешанбе
11
0

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дастгирии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз зани тоҷик дар баробари таълиму тарбияи фарзанд ва рӯзгордорӣ, инчунин, соҳибкори муваффақ, роҳбари кордон ва деҳқони пешқадам буда, дар қатори мардон фаъолияти чашмрас нишон медиҳад ва дар пешрафти давлат ҳисса мегузорад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон занону бонувонро тавсиф намуда, зикр менамоянд, ки ягон корхонаи давлатие нест, ки занон саҳмгузор набошанд. Ҳамзамон, таъкид мекунанд, ки донед ва огоҳ бошед, ки ҷойе зан аст, он ҷо пешравӣ ва навоварӣ ба чашм мерасад. 
Имрӯзҳо бонувон ба корҳои саҳроӣ машғул шуда, дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар нақши муассир мегузоранд. Саҳми занону духтарон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ, аз ҷумла водии Ҳисор, назррас буда, аз коргари одӣ сар карда, то роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма доранд. Зимни сафар ба шаҳри Ҳисор ба мо маълум гардид, ки дар деҳаи Наврӯзӣ занону духтарон барои фаровонии бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии худ боғу токзор бунёд намуда, мардонавор меҳнат карда, бо арақи ҷабин нони ҳалол мехӯранд. Маҳсули заҳмати шабонарӯзӣ ва дастранҷи худро ба бозорҳои дохилӣ ва ҳатто хориҷи кишвар низ,  содирот менамоянд. Наргис Нурова яке аз бонувони заҳматқарини ҳисориест, ки бо аҳли хонаводааш дар майдони 2 гектар ангурбоғ бунёд карда, рӯзгори худро аз ин ҳисоб пеш мебарад. Ӯ дар суҳбат гуфт: “Аввал бо фарзандон дар муддати 13 рӯз ҷамъоварии ҳосилро ба анҷом мерасондем. Ҳозир бошад, хушбахтона, 50-60 нафар коргари мавсимӣ ба кор ҷалб мешавад, ки дар муддати кӯтоҳ ва беталаф ҷамъоварии ҳосилро ба охир мерасонем. Музди маоши ҳаррӯзаи онҳо 50 сомонӣ муқаррар гардида, ду вақт бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Харидорон ангурро аз сари хоҷагӣ ва ё хона омада гирифта, дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш мебароранд.
Ҳарсол, аллакай, аз моҳи март боғи ангур гул мекард. Аммо, мутаассифона, имсол бо сабаби офатҳои табиат ва хунукӣ, аз ҷумла боридани барфу боронҳои зиёд, дертар, яъне охирҳои моҳи апрел, ба нашъунамо шуруъ намуд. Лекин мо аз ин руҳафтода нестем ва бо умеди бардоштани ҳосили фаровон дар солҳои оянда якдилона заҳмат мекашем”. 

Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив