ҲОЛИ ТАБОҲИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ
ҲОЛИ ТАБОҲИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ
ё чаро ба қадри заҳмати бунёдкорон намерасем?
Ҳар меҳмоне, ки дастикам панҷ соли охир ба пойтахти кишвари азизамон – шаҳри дилорои Душанбе наомадааст, баробари ворид шудан ба кӯчаву хиёбонҳо аз шавқ дар ҳайрат мемонад. Чорсӯйи шаҳр пур аз боғчаҳо, гулгаштҳои зебову майдончаҳои муносиби варзишӣ. Биноҳои баланди хуштарҳ. Қариб маҳалеву гузаре намондааст, ки майдончаи вижа барои гаштугузори калонсолон, бозиву сурури кӯдакону наврасон надошта бошад. Мутаассифона, ба ин гуна шароитҳо, ки роҳбарияти шаҳр барои мо – сокинони пойтахт фароҳам кардааст, на ҳар вақт муносибати дилсӯзона мекунем, то майдончаҳоро аз вайроншавӣ ҳифз намоем.
Бо таассуф, дар муддати на чандон тулонӣ аҳволи баъзе гулгашту варзишгоҳҳои хурди пойтахт, ки бо эҳтимоми шаҳрдорӣ барои солимии ҷисмониву маънавии худи мо бунёд гардидаанд, рӯ ба вайронӣ оварда, фарҳанги шаҳрнишинии сокинонро зери суол бурдаанд.
Махсусан, дар ноҳияи Сино баъзе аз майдончаҳои варзишии тозабунёд ҳолати ташвишоварро мемонанд, ки тақсири худи шаҳрвандон аст. Аз назди бинои нави “КФС”, воқеъ дар пули “Автовокзал” то роҳи оҳан, аз бозори “Сафариён” то пули маҳаллаи 103 шояд бештар аз даҳ боғчаю майдончаҳоро мебинему диламон гудохта мешавад. Онҳоро ҳунармандону устоҳои хушкор бо санъати хуб оро дода, оҳану симҳоро бо ҳар шакл ба ҳам кафшер намудаанд, бо ҳайкалчаву симоҳои ба табиати кӯдакон мувофиқ зеб додаанд. Ҳатто боғча ё гулгашти рӯбарӯи “Сафариён” замоне чӯбкорӣ шуда буд ва ҳайкалчаҳояш ҳам чӯбӣ буданд. Ҳоло бошад, аз он ҳама зебоӣ асаре нест. Муносибати хунукназарона ба ашёву асбоби боғча, варзишгоҳ ва гулзорони он дили каси бовиҷдонро ҳатман ба изтироб меорад.
Нишастгоҳҳои майдончаи футболро кандаанд, сабади тӯбпартоии баскетболро бо тахтааш зери по афканда, арғунчакҳоро ҳам шикастаанд. Дар ҳар тараф партовҳои гуногун пароканда, реги тозае, ки кӯдакон рӯйи он бояд бозӣ кунанд, бо пӯчоқи офтобпарасту пасмондаҳои сигор омехта шудааст. Аз сатилҳои махсуси партов, танҳо пояҳои шикаста боқӣ мондаанду халос, ки аз чунин муносибат кас ангушти таассуф мегазад.
Мо ҳанӯз ҳам дарк накардаем, ки истгоҳ, нақлиёт, варзшгоҳ, боғу хиёбон, чароғҳои сари роҳ ва дигар ашёи атроф моликияти умумианд ва онҳоро бояд ҳифз кард. Вале, баръакс мо ҳолати нигаронкунандаро мебинем. Ба вайронкориҳо ҳамчун шаҳрванд вокуниши матлуб нишон намедиҳем, бетарафӣ зоҳир менамоем, ки чунин рафтор ба масал, теша ба решаи худ задан аст.
Барои ислоҳи чунин вазъ хуб мешуд, ки масъулон боғчаю варзишгоҳҳоро бо нигаҳбон таъмин намоянд, ё худ дурбинҳои назоратӣ насб гардида, афроде, ки одоби шаҳрнишиниро риоят намекунанд ва даст ба вайронкорӣ мезананд, дар доираи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ҷазо дода шаванд, зеро чунин усул ё шеваи ҳифзи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳр ҷорӣ шуда, натиҷаи хуб ба бор овардаанд.
Дар охир саволе, ки касро ба андеша вомедорад, ин аст: Мо кай асбобу анҷоми ҷамъиятиро моли худамон медонем ва онҳоро эҳтиёт мекунем?!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250