ПАЁМ Таҷассумгари оини давлатдорӣ ва шеваи мардумсолорӣ

05 январ 2026, Душанбе
20

ПАЁМ

Таҷассумгари оини давлатдорӣ ва шеваи мардумсолорӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар як марҳалаи басо ҳассосу сарнавиштсоз ироа гардид, ки дар он ҳам ҳаёти дохилии кишвар ва ҳам авзои сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин Паём на танҳо як гузориши солона, балки санади сиёсиест, ки самтҳои калидии сиёсати давлат, дурнамои рушди устувор ва модели муосири давлатдориро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон бозгӯ менамояд.

Дар бахши сиёсати дохилӣ, пеш аз ҳама, татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 натиҷагирӣ шуд. Ин Барнома марҳалаи дуюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро фаро гирифта, ҳамзамон, оғози марҳалаи ниҳоии панҷсолаи ин санади бунёдии стратегӣ ба шумор меравад. Ба ин маънӣ, Паём ҳамчун пули иртиботӣ миёни марҳалаҳои гузашта ва ояндаи рушди кишвар баромад намуда, заминаи таҳкими сиёсати иқтисодию иҷтимоиро фароҳам меорад.

Президенти мамлакат таҳлили ҳамаҷонибаи ҷараёни татбиқи ин санадҳоро дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор дода, ба зарурати равона гардидани самараи ислоҳот ба манфиати тамоми табақаҳои аҳолӣ таъкид намуданд. Ба таври возеҳ зикр гардид, ки рушди иқтисодӣ танҳо дар сурате дорои арзиши воқеӣ мешавад, ки ба беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими адолати иҷтимоӣ хизмат намояд.

Дар ин замина, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар самти рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, афзоиши саҳми саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, дигаргуниҳои институтсионалӣ, такмили муҳити сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ бо назари таҳлилӣ ва интиқодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати иқтисодии кишвар на танҳо ба нишондиҳандаҳои оморӣ, балки ба устувории дарозмуддат ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ нигаронда шудааст.

Воқеан, омори пешниҳоднамудаи Пешвои миллат дар Паём гувоҳи равшани он аст, ки татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои дар барномаҳои миёнамуҳлати марҳалаҳои якум ва дуюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 пешбинишуда, ба беҳбуди назарраси сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мусоидат намудааст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин сиёсати ҳадафмандона Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ симои кишвари босубот, дорои иқтисоди рӯ ба рушд ва сиёсаташ пешгӯишавандаро касб кардааст.

Тавре ки дар Паём таъкид гардид, дар давоми ду марҳалаи аввали татбиқи Стратегияи зикршуда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин шудааст. Ҳамзамон, нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар зиёд гардида, аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,1 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонда шуд, ки далели равшани самаранокии сиёсати иқтисодии пешгирифтаи давлат мебошад.

Пешрафтҳои солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баамаломада имкон фароҳам оварданд, ки модели нави рушди иқтисодии кишвар ба чолишҳои муосир посухи муносиб диҳад. Бо вуҷуди муҳити мураккаби молиявии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тавонист таваҷҷуҳи шарикони рушдро ба сармоягузорӣ дар иқтисоди миллӣ ҷалб намуда, сиёсати воридотивазкунандаро дар бахши молҳои истеъмоли умумӣ пайгирона амалӣ созад.

Натиҷаи ҳамин сиёсати устувор буд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон, даромади аҳолӣ тамоюли афзоиш касб намуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии барномаҳои марбут ба марҳалаи сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 дастуру супоришҳои мушаххас ва ҳадафманд ироа гардиданд. Дар ин замина, афзалиятҳои ҳаётан муҳим ба диверсификатсияи содирот, таҳкими устувории ниҳодҳои молиявӣ, рушди пояҳои энергетикӣ, таҷдид ва густариши зербунёдҳои нақлиётӣ, инчунин, таҳкими ниҳодҳои иҷтимоӣ равона карда шуданд. Ин равиш бозгӯи он аст, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба гузариш аз модели рушде, ки, асосан, ба омилҳои анъанавӣ такя дорад, ба модели иқтисоди муосир, рақобатпазир ва устувор нигаронда шудааст.

Тавре дар Паём таъкид шуд, татбиқи саривақтӣ ва босифати вазифаҳои дарпешгузошта имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёбад, сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад расад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо амалӣ шудани ҳадафҳои иқтисодӣ, балки меъёрҳои муҳими устувории иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ маҳсуб мешаванд. Дар ҳамин давра, рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими дигари Паём таваҷҷуҳи махсус ба алоқамандии ногусастании рушди малакаҳои инсонӣ бо ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар ин замина, масъулият ва уҳдадориҳои ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои гузошташуда ба таври возеҳ таъкид гардиданд. Пешвои миллат нақши калидии илму маорифро ҳамчун манбаи асосии навовариҳо ва муҳаррики рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ махсус зикр намуда, таъкид карданд, ки дар ҷомеаи муосир маҳз дониш, таҳқиқот ва қобилияти эҷодии инсонӣ омили асосии рақобатпазирӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин замина, устувории буҷети давлатӣ ҳамчун пояи рушди мунтазами соҳаҳои иҷтимоӣ – пеш аз ҳама маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг арзёбӣ гардид. Таҳкими иқтидори молиявии давлат имкон медиҳад, ки шароити кору зиндагии кормандони соҳаҳои буҷетӣ беҳтар гардида, сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ бамаротиб боло равад. Дар маҷмуъ, ин равандҳо ба боло рафтани сатҳи некуаҳволии тамоми мардуми Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Тавре таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи мақсаду вазифаҳо ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳамияти стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Ин соҳаҳо, ки таъсири ҳалкунанда ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум доранд, дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа баромад мекунанд.

Бинобар ин, муносибати эҳтиёткорона ва, ҳамзамон, дурнигарона ба рушди сармояи инсонӣ дар Паёми имсола ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Ин масъала, бахусус дар қаринаи зарурати мутобиқ сохтани ҷомеа ба суръати баланди пешрафти технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои васеи зеҳни сунъӣ, аҳамияти хос пайдо мекунад. Пешвои миллат бо таъкид бар ин нукта иброз доштанд, ки истифодаи ҳадафманд ва босамари ин дастовардҳо бояд тамоми бахшҳои тавлидӣ ва ғайритавлидиро фаро гирад ва ба омили нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ниҳоят, ба манбаи иловагии содироти хизматрасонӣ табдил ёбад. Дар ин замина, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои омода намудани кадрҳои мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ, такмили инфрасохтори технологӣ чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

Бо ишора ба ҳодисаҳои пешгӯинашаванда ва таҳаввулоти зудтағйирёбандаи дар мадори равандҳои ҷаҳонӣ даврзананда, Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии манфии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятии кишварамон тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.

Зимни таҳлили моҳияти равандҳои муосири ҷаҳонӣ Пешвои миллат ба хусусияти ноустувор ва номуайяни онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр карданд, ки чунин вазъ зарурати пайваста ва мунтазам тақвият додани иқтидори мудофиавӣ ва амниятии кишварро бамаротиб афзоиш медиҳад. Дар ин замина, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пайомадҳои хатарноки ин равандҳо, ки дар бисёр ҳолат бо фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ҳамбаста мебошанд, муҳим арзёбӣ гардид. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳо метавонад ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод намояд. Аз ин рӯ, дарки саривақтии хатарҳои мавҷуда моро водор месозад, ки ҷиҳати коҳиш додани таъсири эҳтимолии онҳо ба фазои сиёсию иқтисодии кишвар аз ҳозир омодагии ҳамаҷониба дида, чораҳои муассиру пешгирикунандаро пайгирона татбиқ намоем.

Дар робита ба ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, зарур шумурда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи анъанавии худро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва суботи байналмилалӣ тақвият бахшида, ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ густариш диҳад. Ин сиёсат дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ба таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва болоравии нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, бархӯрди арзишҳо ва рақобатҳои ҳувиятӣ шиддат мегиранд, масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ба яке аз рукнҳои асосии амнияти маънавӣ ва пойдории давлат табдил ёфтааст. Маҳз дар ҳамин замина, пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аҳамияти хоссаи таърихию фарҳангӣ касб менамояд.

Маркази тамаддуни ориёӣ, пеш аз ҳама, на танҳо як иншооти меъморӣ, балки як фазои рамзии худшиносии миллӣ хоҳад буд. Ин марказ метавонад ҳамчун ойинаи таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон, анъанаҳои давлатдорӣ, мероси фикрӣ, забонӣ ва фарҳангии миллати тоҷик хизмати арзишманд анҷом диҳад. Дар замоне ки миллатҳои алоҳида барои исботи решаҳои таърихии худ ба аснод ва далелҳои на ҳамеша муътамад рӯ меоранд, таъсиси чунин марказ дар Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлол паёми рӯшане дорад: тоҷикон миллати дорои тамаддуни асил, саҳми муассир дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ доранд ва соҳиби таҷрибаи қадимаи давлатдорӣ мебошанд.

Ин иқдом, ҳамзамон, як дарси зиндаи хештаншиносӣ барои наслҳои ҷавон хоҳад буд. Ҷавоне, ки таърихи худро мешиносад, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузорад ва аз ҳувияти худ ифтихор мекунад, дар муқобили таассуб, бегонапарастӣ ва ифротгароӣ устувор мемонад. Аз ин ҷост, ки Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба мактаби маънавии тарбияи шаҳрвандии наврасону ҷавонон табдил ёбад.

Дар баробари ин, пешниҳоди бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии давлат дар самти муаррифии арзишҳои умумибашарии тамаддуни тоҷикона мебошад. Наврӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як фалсафаи зиндагӣ, рамзи сулҳ, эҳё, созандагӣ ва ҳамзистии инсон бо табиат аст. Эътирофи байналмилалии Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги ҷаҳонӣ далели равшани он аст, ки арзишҳои миллии мо дорои паёми фаромиллӣ ва умумибашарӣ мебошанд.

Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба як платформаи муколамаи тамаддунҳо, табодули фарҳангҳо ва тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ табдил ёбад. Истифодаи фалсафаю ҳикмати Наврӯз дар тарбияи наслҳои оянда на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи устувори ҷомеа аст. Наврӯз инсонро ба покизагӣ, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ даъват мекунад.

Дар ин замина, пешниҳоди эълон намудани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аҳамияти стратегӣ дорад. Ин ташаббус истиқлолро на танҳо ҳамчун санаи таърихӣ, балки ҳамчун раванди доимии бунёди давлат, ҷомеа ва инсон маънидод мекунад. Ободонӣ дар ин ҷо танҳо сохтмони иншоот нест, балки ободии тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ мебошад.

Бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ, таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ва эълон намудани соли 2026 ҳамчун соли таҳкими худшиносию созандагӣ як силсила иқдомҳои таъсиргузоре мебошанд, ки ба таҳкими пояҳои маънавии давлат, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва тарбияи насли худогоҳ равона шудаанд. Ин пешниҳодҳо бозгӯкунандаи онанд, ки Пешвои миллат худшиносии миллиро на шиор, балки меҳвари сиёсати давлатдорӣ ва кафили ояндаи устувори Тоҷикистон медонанд.

Дар Паём, ҳамчунин, таъкид шуд, ки тамоюли ҷомеае, ки ба самти ояндаи устувор аст, бояд пайваста ба такомули диди арзишии шаҳрвандонаш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Барои ҷомеаи Тоҷикистон, бо назардошти афзоиши рақобатҳои қавмгароёна ва бунёдгароии динӣ дар ҷаҳони муосир, равона сохтани диди арзишии шаҳрвандон ба меҳвари давлатдории дунявӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ аҳамияти дучанд касб мекунад. Ин равиш омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва устувории иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун ҳамчун кафили асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар арзёбӣ гардид. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсиро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии мардумро тадриҷан боло барад. Дар ин раванд нақши сохторҳо ва мақомоти маҳаллӣ ниҳоят муҳим аст, зеро онҳо мустақиман дар маҳал фаъолият намуда, аз ҳолу аҳволи аҳолӣ огоҳанд ва метавонанд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро самаранок ба роҳ монанд. Чунин ҳамкориҳо имконият медиҳанд, ки қишрҳои осебпазири ҷомеа аз таъсири гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротӣ ҳифз карда шаванд.

Аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро метавон ҳамчун санади стратегии фарогир арзёбӣ намуд, ки бо таҳлилу баррасии амиқ ва ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, дурнамои воқеии рушди устувори кишварро барои солҳои минбаъда тарҳрезӣ мекунад.

Хайриддин УСМОНЗОДА,

директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор,

узви вобастаи АМИТ,

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,

мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои фалсафа

Санаи нашр: 5.01.2026 №: 1-2