ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва тақвияти нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон

09 январ 2026, Ҷумъа
20

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва тақвияти нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон

Бесабаб набуд, ки муқаддимаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ишора ба масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ оғоз гардид. Воқеан, соли 2025 бо дастовезҳои сулҳу дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику қирғиз хотирмону таърихист. Ин кори саҳлу андак набуд, ба бузургтарин даҳшат – ҷангу қатлу куштор нуқта гузошта шуд ва ин тасмими сулҳ вобаста ба минтақаи муҳими геополитикӣ будани Осиёи Марказӣ моҳияти ҷаҳонӣ пайдо кард.

Пайдост, ки нақшаҳову лоиҳаҳо ва “стратегия”-ҳову барномаҳои тираи сиёсатҳои таҳмилӣ давлатҳои зиёди ҷаҳонро гирифтори буҳронҳои амиқ менамоянд. Феълан ҷаҳони муосир мувоҷеҳи гардишҳои куллӣ ва таҳаввулоти норавшан қарор гирифта, аз “нуқтаҳои гарм” аксар вақт шиддати авзоро интизор мешаванд. Аммо сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари давлати мо тавонистааст, ки Тоҷикистонро аз паҳлуҳои тамоман нав муаррифӣ намуда, аз ин сулҳу дӯстиҳо дигарон низ баҳравар гардидаанд. Хеле хуб маълум аст, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сулҳофарии худро дар минтақа ва ҷаҳон торафт баланд менамояд. Тавре зикр гашт, сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон тавонист, низову муаммои беш аз як садсоларо байни халқҳои қирғизу тоҷик ҳал намояд, ки кам касон ба ин бовар доштанд. Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро бошад, (Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон) на танҳо мардумони минтақа, балки кулли ҷаҳон хубу нек истиқбол гирифт. Ҳамин буд, ки чанде қабл роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сазовори Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой гардиданд.

Тоҷикистон давлати ташаббускор боқӣ мемонад

Зиёда аз се даҳсола мешавад, ки пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҳама давлатҳо якдилона қабул мегарданд. Пазируфтан ва ҷонибдорӣ намудан аз масъалагузориҳо дар сатҳи байналхалқӣ саҳлу осон набуда, раванди мураккабу душвор низ ҳаст. Дар ҷаҳон ҳазорон халқияту миллатҳо мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо имкони пешниҳоди чунин ташаббусу иқдомҳоро доранд. Сабаби якдилона қабул намудани пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистон дар он аст, ки ҳама ҳадафу маромҳои Роҳбари давлати мо бо алоқамандӣ ба зиндагии ҷомеаи башарӣ, бо ҷанбаҳои инсондӯстона матраҳ мегарданд.

Фарҳанг ва шинохти тоҷикон

Ташаккули сиёсатҳои ҷаҳони муосирро фарҳангҳо муайян карда, муколамаҳои фарҳангӣ аввалин қадамҳо дар сиёсатҳои бузург ва муаррифии халқиятҳо гардидааст. Файзи соҳибистиқлолӣ ва талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки эътирофи асолати фарҳангӣ ва раванди худшиносии миллӣ дар кишвари мо суръати хос дошта, фаротар аз марзҳои Ватан рафтааст. Ин аст, ки имрӯз асолати фарҳангии миллати куҳанбунёди моро ҷомеаи башарӣ эътироф намуда истодааст. Муждаи навбатӣ дар Паёми имсола он буд, ки “...11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд”, ки як қадами бузурги дигар дар худшиносии миллии мо ва дар шинохти тоҷикон дар ҷаҳон мегардад. Дар ин радиф “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният)”, қатъномаҳо “...дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027” боз ҳам ифтихори миллии мо дар арсаи байналмилалист. Дар давоми қарнҳо, махсусан, дар асри гузашта халқи тоҷик аз фарҳанги аҷдодии худ дар фосила қарор дошт ва дар мафкураҳо чунин таълимоте низ ҷой мегирифт, ки мо бояд онҳоро фаромӯш карда бошем. Аммо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори садсолаҳо парешонро дар шинохти фарҳангӣ зарфи чанд даҳсола анҷом дода тавонистанд. Ба шарофати ин муҳаббату садоқатҳо тоҷикро ҷаҳон шинохт. Аммо бо ин азму корҳо хатм намеёбанд ва тавре Пешвои миллат муваззаф намуданд, “...мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”. Ҳамин буд, ки дар Паём аз нақши бузурги Борбади Марвазӣ дар фарҳанги башарӣ ишора гардида, масъалаи ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ин шахсият ба миён гузошта шуд. Баракати истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат аст, ки Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон эҳё гардиданд. Дар идома дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, ки дар Паём таъкид гардид, як падидаи беназири дигар дар муаррифии фарҳанги бостонии тоҷикон хоҳад буд. Ҳама тасмимҳову талошҳои Пешвои миллат як ҳадаф доранд: тоҷикро бояд ҷаҳон шиносад! Ин ҳама мондагории миллат ва шинохти он дар меҳвари фарҳангу тамаддуни бостонии мост, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсола дар шоҳроҳҳои бузург қарор дорем.

Ҳамқадами иқтисоди ҷаҳонӣ

Муваффақияти сиёсати оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон дар самти равобити иқтисодӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон имкон дорад ва дар ин роҳ монеае ба назар намерасад. Ин ба он марбут аст, ки ҳама иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ пайванди амиқу ногусастанӣ ба иқтисодиёту некуаҳволии аҳли башар дорад. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли проблемаҳои обу иқлим ва қатъномаҳо дар масъалаҳои сулҳу дӯстӣ ба ҳал гардидани мушкилоту печидагиҳо дар бунбастҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бешак, Тоҷикистон тавонист дар замони соҳибистиқлолӣ дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ муваффақиятҳои зина ба зина афзояндаро соҳиб гардад. Ин омил пеш аз ҳама ба фазои сулҳу осоиштагӣ ва муттаҳидиву созандагӣ робита дорад. Ҳамин аст, ки васеъ гаштани имкониятҳои транзитиву сайёҳӣ, рушди бонизоми соҳибкорӣ, зиёд гардидани бунёдкориҳову созандагиҳои аҳамияти умумибашаридошта ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон торафт амиқтар мегардонад. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои бузурги саноатиро амалӣ намуда истодааст, ки ин маънии бо иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамқадам гаштанро дорад.

Бахтиёр ҲОШИМЗОДА,

декани факултети журналистикаи ДМТ

Санаи нашр: 9.01.2026 №: 5