ДАР ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

08 январ 2026, Панҷшанбе
13

ДАР ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

Паём хушбинӣ ба ояндаи боз ҳам дурахшонро тақвият дод

Таҷриба собит намудааст, ки паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳимтарин маърузаи ҳисоботӣ ва таҳлилии сол аст, ки дастоварду нишондиҳандаҳои ноилшударо баррасӣ карда, дурнамо ва нақшагузориҳои муҳимро барои давраи минбаъда мушаххас месозанд. Аз ин нигоҳ, ҳар матни Паём ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва дастури барномавӣ хеле дақиқкорона, бо мантиқи қавӣ, бандубасти пуртаъсир таҳия шуда, хусусиятҳои намоёни муқоисавӣ, натиҷагирию хулосабарорӣ ва ҳидоятгарию раҳнамунсозӣ дорад. Бо ин хусусиятҳо ҳамасола аз ҷониби доираҳои илмӣ, муҳитҳои фикрӣ ва ҷомеаҳои коршиносии кишвар мавриди арзёбии шоиста ва шарҳу тавзеҳҳои густурда қарор мегирад.

Агар бо диди мухтасар ба мавзуъ ва масъалаҳои асосии Паёми навбатӣ нигоҳ кунем, дар оғоз ҳарфҳое аз забони Сарвари давлат садо доданд, ки ҳисси миллӣ, руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори давлатдории мардуми сарбаланди Тоҷикистонро баланд бардошта, эҳсоси хушбинии сартосариро ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар афзун намуд. Зеро дастовардҳое, ки дар сатҳи сиёсати минтақавӣ соли 2025 насиби давлату мардуми кишвари мо гардид, хусусан дар масъалаи ҳалли ниҳоии баҳси сарҳадии беш аз садсола ва комёбиҳои ноилшуда дар ҷодаи сиёсати байналмилалии Тоҷикистон, он ҳам дар як рӯз – 12-уми декабр аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфтани ду пешниҳоди Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани қатъномаҳои дахлдор, далели муътамад ва нишонаи возеҳи сиёсати муваффақи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ пайопай аз пирӯзиву муваффақиятҳои нав ба нав мужда мерасонад. Ин рӯйдодҳои муҳим собитгари он аст, ки мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҷрибаи чандинсолаи сиёсӣ асос ёфтааст, ба як падидаи арзишманди эътирофшуда дар робитаҳои байналмилалӣ табдил ёфта, аз нигоҳи назариявӣ мукаммал ва аз диди татбиқи амалӣ пурсамару нафърасони на танҳо ҷомеаи Тоҷикистон, балки кулли башарият мебошад.

Паҳлуи дигари қобили таъкид дар мавриди муҳтавои Паём дар он аст, ки чун паёмҳои пешин он ба суолу пурсишҳои дар байни ҷамъият ҷойдошта посухҳои асоснок дод. Ин нукта нишонгари он аст, ки ҳар Паёми Пешвои миллат баъд аз омӯзиши пурраи равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ҳатто тамоюлҳои мафкуравӣ ва омӯзиши афкори умум дар қолаби як санади мукаммали хусусияти дастурамалдошта таҳия гардида, ҳама ҳарфу сухане, ки аз нигоҳи зарурати замон бояд гуфта шавад, онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ мекунанд. Масалан, қабл аз ироаи Паём байни аҳолӣ сарусадоҳо дар мавриди мушкилоти камбуди барқ зиёд буд, ки баъзе доираҳои ғаразпеша ин омили муваққатиро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода карданӣ мешуданд. Бо назардошти ин, Президенти маҳбуби кишвар сабабҳои камбуди неруи барқро ончунон дақиқу асоснок ба халқи Тоҷикистон кушоду фаҳмо баён карданд, ки ҳамагон қаноатманд шуданд. Далели ин паст шудани шиддати гапу ҳарфҳои беасос нисбат ба маҳдудияти тақсимоти неруи барқ дар сатҳи ҷомеа мебошад.

Дар қисмати поёнии Паём Пешвои муаззами миллат ибораи муқаддас ва пуршарафи «масъулияти ватансозиву давлатсозӣ»-ро истифода карда, чунин ҳидояти меҳандӯстона намуданд: «Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд».

Ватансозиву давлатсозии Пешвои миллат ҳақиқати таърихист. Ин абармарди таърихсоз аввал ватансозӣ карданд, яъне Ватанро аз нобудӣ раҳоӣ бахшида, бо хурраму шукуфо ва амну босубот кардани он ватандориашонро собит намуданд. Вақте зимоми роҳбариро ба даст гирифтанд, давлат ба ном вуҷуд дошт, пояҳои ҳокимият на танҳо заиф, балки фалаҷ гардида буд. Бинобар ин, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввал давлатсозӣ намуданд, баъд оини сарварии сиёсӣ ва малакаи давлатдории хирадсолоронаро ба авҷи аълои шуҳрату эътирофи байналмилалӣ расонданд. Дар ҳоле ки Пешвои миллат бо эҳососи баланди миллӣ ин Ватанро сохтанд, онро шукӯҳ бахшиданду дар ин роҳи муқаддас ҳамоно пайи хидмати фидокорона мебошанд, ба пайравӣ аз Сарвари худ барои таъмиру тармим ва тозаву озода намудани хона ва маҳалла аҳлонаву сарҷамъона иқдому саҳмгузорӣ намудани ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила рамзи муҳими соҳибватанӣ ва ифодаи амалии ҳиссиёти ватанпарастӣ мебошад. Дар ҳамин ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ маромномаи илҳомбахши ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд чунин хитоби таҳрикдиҳандаи Пешвои муаззами миллат бошад, ки зимни ироаи Паём басо ҷуръатмандонаю ҳидоятгароёна ба забон оварданд: «Агар мо сарҷамъу муттаҳид бошем, қудрати мо аз ракетаи ҳастаӣ ҳам бузургтар аст!».

Суҳроб РУШАНЗОДА,

раиси суди вилояти Суғд