РОҲНАМОИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

13 январ 2026, Сешанбе
10

РОҲНАМОИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Беш аз бист сол аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегарданд ва онҳо як навъ қутбнамои миллати мо ба ҳисоб мераванд. Дар Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, чун солҳои гузашта баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, авзои ҷомеа ва монанди инҳоро дар бар гирифт. Аз ҷумла, соҳаи фарҳанги миллӣ низ мавриди таҳлил қарор гирифт. Пешвои муаззами миллат фарҳангро на ҳамчун гузаштаи зебову зинатбахш, балки шарти зинда мондану бақои ҳастии миллат дар ҷаҳони пуртазод маънидод мекунанд, ки ин гуна маърифат дорои арзиши воло мебошад.

Воқеан ҳам, хотираи таърихӣ ҳамчун омили шаклдиҳандаи ҳувияти ҷамъиятӣ баррасӣ мешавад. Мусаллам аст, миллате, ки хотираи таърихии худро гум мекунад, ба осонӣ ба объекти таъсири дигарон қарор мегирад. Паём маҳз бар зидди ҳамин хатар равона шудааст. Сарвари давлат ба ҷомеа нишон медиҳанд, дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ арзишҳоро яксон муаррифӣ мекунанд ва фарҳангҳоро ба қолабҳои стандартӣ ё ба нестӣ мекашанд, ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ ба амнияти миллӣ баробар аст. Дар ин вазъ худшиносӣ ба сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Беҳуда нест, ки Роҳбари кишвари мо ҳарчи бештар хоҳони таблиғу ташвиқи арзишҳои миллӣ, фарҳангу санъат, мусиқии тоҷик ва анъанаҳои миллии мо мебошанд. Бешубҳа, анъана ва русуми миллӣ аз қадимӣ будани халқу кишварҳо дар ҷаҳон шаҳодат медиҳанд.

Яке аз паҳлуҳои дигари тарғиби фарҳангу санъати асили касбӣ баргузор кардани рӯзҳои фарҳангу санъати тоҷик дар ҷумҳуриҳои дуру наздик аст. Ин бозгӯйи он аст, ки халқи тоҷик аз зумраи мардуми мутамаддин буда, таърихи пурғановати қадима дорад ва дар рушди фарҳангҳои ҳамсоякишварҳо низ нақши созгори хешро мегузорад.

Роҳбари давлат дар Паём зикр намуданд, ки соли равон бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ёздаҳ ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинг) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Ҳамчунин, дар ин радиф, аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз қабул гардидани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи мероси арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ маҳсуб меёбад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём, ҳамчунин, таъкид сохтанд: «…танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Дар робита ба ин ва бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, Сарвари давлат вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳангро вазифадор карданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дарвоқеъ, Борбад – ин хунёгари бузург, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсозии касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.

Дарвоқеъ, эҳёи анъанаҳои миллӣ маънои арҷ гузоштан ба гузаштаи миллат аст. Агар ин масъаларо ба соҳаи фарҳанг нисбат бидиҳем, мебинем, ки фарҳанги миллии мо решаҳои амиқи анъанавӣ дорад, ки тули ҳазорсолаҳо дар мавҷудият ва истеҳкоми миллати тамаддунофари мо нақши бориз гузоштааст. На танҳо дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе, балки қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакатамон муассисаҳои зиёди фарҳангӣ қомат афрохта, бо санъати миллӣ ҷилванамоӣ мекунанд. Сохтмони қасрҳои фарҳанг, китобхонаву осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи мазкур дарак медиҳанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки аҷдоди хирадманди мо ба ҷаҳониён забон, фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои башардӯстона ва анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро ба мерос гузоштаанд. Имрӯз вазифаи мо на танҳо ифтихор, балки омӯзиш, ҳифз ва интиқоли ин ганҷинаи ҳувиятсоз ба наслҳои оянда мебошад.

Дар Паём, ҳамчунин, ба рушди мусиқии миллӣ, махсусан мақоми он дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Пешвои миллат мусиқиро воситаи муҳими тарбияи маънавӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ медонанд. Дастгирии самтҳои мухталифи соҳаи фарҳанг далели равшани сиёсати ҳадафмандонаи давлат дар ин ҷода мебошад. Вазифаи мо – олимони соҳа ва умуман, аҳли фарҳанги Тоҷикистон татбиқи ин сиёсати созанда аст.

Баҳодур ДАВЛАТЗОДА,

ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов