ЧАРО НАРХИ БАРҚ ТАҒЙИР ЁФТ?

22 январ 2026, Панҷшанбе
15


ШАРҲИ САВОЛЕ, КИ ПОСУХ МЕХОҲАД
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми декабри соли 2025, №709, «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» дар қаламрави мамлакат ба тарифҳои барқ ва гармӣ тағйирот ворид гашт. Акнун аз 1-уми феврали соли 2026 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 17 фоиз боло меравад. Тавре мушоҳида мешавад, аллакай, болоравии арзиши неруи барқ ба яке аз мавзуъҳои меҳварӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, табдил ёфтааст. Аксаран, фикру андешаҳои дур аз воқеият садо медиҳанд, ки ғаразноканд.
Бинобар ин, дар навиштан ҳам мехоҳам таъкид созам, ки ин тадбир, пеш аз ҳама, барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон ва вобаста ба талаботи рӯзафзун бо неруи барқ ва гармӣ таъмин намудани иқтисодиёт ва аҳолии кишвар ногузир аст.
Болоравии тарифҳои барқ аз ҳисоби афзоиши хароҷот дар иншооти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ (боло рафтани нархи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, таҷҳизоти барқӣ, қисмҳои эҳтиётии неругоҳҳо, ки, асосан, аз хориҷа харида мешаванд ва ғайра) ба амал омадааст. Тавре мебинем, баробари рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва афзудани шумораи аҳолӣ, талабот ба барқ сол ба сол меафзояд, ки ин зарурати густариши иқтидорҳои истеҳсоли барқро ба миён меорад.
Тавре аз таҳлилҳо маълум мегардад, дар даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт-соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт-соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонда шуд.
Дар як вақт, бо сабаби афзоиши аҳолӣ (аз 8,5 миллион нафари соли 2015, ки ҳоло ба 10,7 миллион нафар расидааст), бунёди 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав, дар 7 соли охир ба истифода додани беш аз 2600 корхонаи нави саноатӣ ва дигар омилҳои беҳбуди зиндагӣ талабот ба барқ на танҳо сол ба сол, балки рӯз ба рӯз меафзояд. Танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои такрористеҳсолкунии неруи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави барқтавлидкунанда ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо неруи барқ ноил шудан мумкин аст.
Масъалаи аз ҳама муҳим, ки ба таъминоти барқ таъсири ҷиддӣ мерасонад, муайян намудани арзиши аслии он, яъне тарифи неруи барқ мебошад. Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби фаровон мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот – таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад.
Гузашта аз ин, як амри табиӣ аст, ки барои минбаъд ҳам баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариёни низоми энергетикии кишвар дар неругоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва асосиро бояд анҷом дод, ки барои он маблағҳои калон лозиманд. Инчунин, барои хароҷоти умумии истеҳсоли барқ, бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ), барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди неруи барқ аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1” ва “Сангтӯда - 2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷоти хусусияти истеҳсолидошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ ҳар сол маблағ сарф мегардад ва ин хароҷот сол ба сол зиёд мешавад.
Вобаста ба ин ҳама, давра ба давра баланд бардоштани тарифи неруи барқ ва гармӣ маънои коршоям нигоҳ доштани низоми энергетикии кишвар ва идомаи такмили соҳаро дошта, ба таъминоти бештар бо барқ мусоидат хоҳад намуд. Бо тарифи мавҷудбуда хароҷоти истеҳсолии барқ пурра рӯпӯш намегарданд ва ин зарурати ворид кардани тағйиротро дар тарифи неруи барқ ва гармӣ тақозо намуд.
Хотиррасон мекунем, тарифи неруи барқе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, дар муқоиса ба тарифи неруи барқи дигар давлатҳои ИДМ (ба ғайр аз Қирғизистон) хеле арзон мебошад. Як ҳадафи ворид намудани тағйирот дар тарифи неруи барқ ва гармӣ ноил шудан ба сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани он низ мебошад.
Дар эзоҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, аз 29-уми декабри соли 2025, №709, «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» тафсир мешавад, ки дар сурати дар як моҳ аз 10000 кВт-соат зиёд истифода бурдани барқ, фарқияти аз меъёри мазкур зиёдати истифодашудаи барқи аҳолӣ бо тарифи барои гурӯҳи 1 муқарраргардида (яъне, бо нархи ҳар як кВт-соат 94,65 дирам) ҳисоб карда мешавад.
Бинобар ин, тадбири аз ҳама муҳим ва манфиатбахш аз барқ сарфакорона истифода бурдан аст, ки он ҳам ба буҷети оила таъсири мусбат дорад ва ҳам ба таъминоти сартосарӣ бо барқ мусоидат менамояд.


Нозир ЁДГОРӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.01.2026 №: 14