ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ АФКОРИ МАХУФИ ИФРОТГАРОИРО НОБУД МЕСОЗАД
Аз ин таъкидҳои Пешвои миллат равшан мегардад, ки дар ин замони пуртазод масъулияти ҳар кадоми мо, бояд ҳамчун шаҳрванди кишвар дар самти ҳифзи сулҳу субот ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ бештар бошад. Зарур аст, беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем ва хатарҳоро бишносему зидди онҳо муборизаи беамон барем.
Воқеан, ба касе пӯшида нест, ки дар даҳсолаи охир ҷаҳон ба марҳалае ворид гардид, ки онро метавон давраи ноустувории глобалӣ номид. Вазъи баамаломада давлатҳо ва ҷомеаҳоро зери фишори рақобатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ қарор дод. Ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ, инқилоби иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари имкониятҳои нав таҳдидҳои ҷиддиро низ ба вуҷуд овардаанд. Чунин даврони нобасомон боис гашт, ки терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва хурофотпарастӣ барин зуҳуроти номатлуб ба хатари фаромиллӣ табдил ёбанд ва тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андозанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ ва созмонҳои тундгаро бо истифода аз фазои рақамӣ ва имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ бештар кӯшиш менамоянд, ки зеҳни ҷомеаи кишварҳоро бо афкори махуфи хеш “заҳролуд” намоянд. Онҳо аз холигии маърифатӣ истифода бурда, ғояҳои харобиоварро чун адолату ҳақиқат муаррифӣ менамоянд. Ин раванди хатарзо махсусан барои Тоҷикистон ташвишовар аст, зеро зиёда аз 70 дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ҷавонон, албатта, сармояи бузурги иҷтимоӣ ва неруи пешбарандаи кишвар ҳастанд, вале аз ҷониби дигар, дар сурати норасоии маърифат ва худшиносии миллӣ онҳо метавонанд ба қишри осебпазир табдил ёбанд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи ҷавонон аз ифротгароӣ, терроризм ва хурофотпарастӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Сарвари давлат мубориза алайҳи зуҳуротеро, ки суботи сиёсӣ ва ҳатто ҳастии давлату миллатро зери хатар мегузорад, вазифаи на танҳо мақомоти қудратӣ ё ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти кулли ҷомеа ва ҳар шаҳрванди мамлакат унвон кардаанд. Аз ҳамин хотир, сиёсати давлат дар самти муқовимат бо ин зуҳурот танҳо ба фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ маҳдуд нашуда, ҳамчун сиёсати фарогири давлатӣ соҳаҳои маориф, фарҳанг, дин, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ фаро мегирад.
Бесабаб нест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки тарбияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии илмӣ, рушди маориф, илм ва фарҳанг воситаҳои асосии муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ ҳастанд. Дар асл, гурӯҳҳои ифротӣ аз нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб ва фаҳмиши сатҳии дин истифода бурда, мағзшӯӣ мекунанд ва маҳз бо дониш, илм ва тафаккури интиқодӣ метавон тамоми талошҳои чунин гурӯҳҳои бадхоҳро хунсову безарар кард.
Нуктаи дигари қобили таъкид ин аст, ки ифротгароён барои амалисозии аҳдофи нопоки худ аз номи дин истифода бурдан мехоҳанд, дар ҳоле ки ислом дини миёнарави сулҳу салоҳ аст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон ба ҳамоҳангсозии арзишҳои динӣ ва миллӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар кишвари мо дин аз давлат ҷудо аст, аммо аз ҷомеа ҷудо нест. Ҳадафи давлат ҳам маҳдуд кардани дин не, балки ҳифзи дин аз ифроту сиёсисозӣ ва суистифода аз он аст. Хушбахтона, таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки ин роҳ дар замони муосир беҳтарин роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ ва миллату ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон пайваста ҷавонону наврасонро ба омӯзиши таърихи гузаштаи халқи худ, забони модарӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир даъват менамоянд, зеро “бо хурофот давлат пеш намеравад”. Ва беҳтарин роҳи мубориза бо ифротгароиву терроризм ҳам босавод кардани аҳли ҷомеа, махсусан, ҷавонону наврасон мебошад. Ба хотири ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҳамасола дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барпо мегарданд. Яъне, ҷавонон бо дониш мусаллаҳ карда мешаванд, ки дар баробари хатарҳои замони муосир осебпазир набошанд, зеро илму дониш воқеан сипар аст. Он гуна, ки Рӯдакӣ мегӯяд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба хонаводаҳои мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат низ маҳз бо ҳамин ҳадаф аст.
Хулоса, дар замони пуртазоди муосир, танҳо донишу маърифат ҷомеаи мо, махсусан ҷавонону наврасонро, аз хатари гаравидан ба гурӯҳҳои тундрави террористиву экстремистӣ эмин нигоҳ медорад ва мо низ маҳз бо ақлу хирад ва дониш сулҳу суботи мамлакат ва рушду пешрафти онро таъмин карда метавонем. Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад”.
Пас, агар мехоҳем, ки рушду пешрафти кишварамон таъмину пойдор бошад, бояд тамоми аҳли ҷомеа ба омӯзиши илму дониш рӯй биёрем ва ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо ворисони арзандаи аҷдоди соҳибноми худ ҳастем.
Саидаъзам ҚОДИРЗОДА,
сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва
ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
