ЗИМИСТОН. ЯК БАРФ ПАРДА АЗ РӮИ ЧАНД КАМБУДИРО БАРДОШТ

27 январ 2026, Сешанбе
52


Ҳарчанд Агентии обуҳавошиносӣ пешакӣ аз омадани рӯзҳои сербориш ва сарди 22 – 23-юми январ ҳушдор дода буд, аммо бориши барф дар ин рӯзҳо ноомодагии баъзе идораҳои хоҷагии роҳҳо ва ронандагонро рӯйи об баровард. Эҳтимол, ҳама гумон доштанд, ки ин зимистон ҳам чун порсола гарм меояд, аммо якбора ҳаво тағйир ёфту ҳамаро ғофилгир намуд.
Шаби 21-ум ба 22-юми январ, дар ҳамин шабу рӯзи номусоиди боду ҳаво, моро зарур буд, ки аз ноҳияи Лахш ба шаҳри Душанбе бо мошини боркаш сафар кунем. Дар ин сафар хеле мушкилотро дар кори худи ронандагон ва ҳам масъулони нигоҳдории роҳҳои баъзе шаҳру ноҳияҳо мушоҳида кардем, ки оянда мебояд бартараф гарданд. Ба ҳар ҳол роҳ аз барф тоза, вале яхбаста буд. Ҷо-ҷо пайи мошинҳои дар роҳ лағжидаву аз роҳ баромада мушоҳида мешуд. Дар ҷойҳои яхбаста аз маводи зидди лағжиш дараке набуд. Шояд онро барф “хӯрдааст”. Гузашта аз ин, ҳеҷ ҷойе барои рӯзҳои сербориши минбаъда мо захираи ин маводро мушоҳида накардем.
Дар идомаи роҳ, то ноҳияи Нуробод низ заъфи омодагиҳо ба назар мерасид. Дар пешорӯйи рӯзҳои сарди эълоншуда дар шафати шоҳроҳ на техникаи роҳнигоҳдорӣ дидему на ғарами қуму намак. Ҳангоме ки ба ноҳияи Нуробод ворид шудем, моро аз оғози роҳи навбунёди Обигарм – Нуробод баргардонданд. Гуфтанд, ки дар ин роҳи навсохт садама шудааст. Бо ин сабаб, мо бо роҳи куҳна сафарро давом додем. Баъди фосилае ба қисми навбунёди шоҳроҳ, наздикии нақби “35-солагии Истиқлоли давлатӣ” расидем. Ҳарчанд ин ҷо барф зиёд борида буд, аммо ба ҳадди даркорӣ қуму намак пошида шуда буд, ки воситаҳои нақлиёт бемалол ҳаракат менамуданд. Ронанда низ кори масъулони хоҷагии роҳҳоро дар ин ҷо дида, гуфт: “Ана ин кори дигар. Офарин. Кош дар дигар ҷойҳо ҳам ҳамин хел кунанд”. Вале ин аҳсан хонданҳо дер давом накард. Баъди гузаштан аз нақби охирон боз ҳам роҳи яхбаста ва пурбарф моро пеш омад. Дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод ҳоло бориши барф шиддат нагирифта, масир лағжону мушкилгузар буд. Ин ҳолатро баробари мо садҳо мусофирони дигар аз шаҳри Роғун то расидан ба шаҳри Душанбе мушоҳида менамуданд.
Дар ноҳияи Файзобод, ки мавзеи нисбатан баландкӯҳ ва сербориш аст, масъулони нигоҳдории роҳҳо мекӯшиданд, ки роҳҳоро тоза ва аз маводи зидди лағжиш истифода кунанд, вале бо вуҷуди ин, ҳолати роҳ хеле нигаронкунанда буд. Лағжида аз роҳ баромадани воситаҳои нақлиёт зиёд ба назар мерасид. Аз ин бармеомад, ки зимистонгузаронӣ дар мавзеъҳои баландкӯҳ, бавижа дар ноҳияҳои Файзободу Лахш, омодагии бештару беҳтарро тақозо менамояд.
Ба иттилои Зиёратшо Акрамзода, сардори Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” -и ноҳияи Файзобод, ин зимистон ҳангоми яхбандиҳо дар масирҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ 800 метри мукааб маводи зиддилағжиш пошида шуд. Муассиса бо 5 тонна маводи сӯзишворӣ, 6 тонна ангишт ва 6 метри мукааб ҳезум таъмин гардид.
Соати 11-и рӯзи 22-юми январ ба шаҳри Ваҳдат расидем. Ҳарчанд роҳ пур аз барф буд, мошинҳои боркаш нав қум бор мекарданду ба роҳ мебаромаданд. Сари чанд метр як бел қум мепартофтанд, ки миёни барф нопадид мешуд. Чун дар ин рӯз ҳама дарҳам-барҳам буд, на роҳ маълум буду на ҳаракат низом дошт.
Ба ин ҳолате, ки мо рӯзҳои серборишӣ, зимни сафар аз Лахш ба Душанбе мушоҳида кардем, на фақат идораҳои масъул гунаҳкоранд. Ҳар ронанда низ барои саломату бемушкилӣ расондани мусофирони ҳамроҳаш ва таъмини бехатарии дигарон дар роҳ вазифадор аст, ки омода бошад. Маҳз уҳдадории соҳиби воситаи нақлиёт барои омода шудан ба зимистонгузаронӣ як муқаррароти муҳими қонунгузории кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт аст. Агар дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва боркашонӣ аз ҷониби масъулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва ҳам ронандагон саҳлангорӣ сурат гирад, ҳам ҳаёти одамон дар хатар асту ҳам гардиши молу маҳсулот халалдор мегардад, зеро чун дар фасли зимистон маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои кӯҳистон ба пойтахт интиқол меёбанд, дар ин раванд таъмини ҳаракати бехалали воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ амри зарурист.
Хушбахтона, мошини боркаше, ки савораш будем, ҳамаҷониба омода ба назар мерасид. Ҳам чархҳояш занҷирбанд буданду ҳам лавозимоти дигари зарурӣ дошт. Аз ин рӯ, бо вуҷуди бори гарону ҳаҷми бузург доштанаш, роҳи дарози пурбарфро бемушкилӣ паси сар карда, ба пойтахт расидем.
Агар дигар ронандагон ва масъулони соҳаи роҳдорӣ чунин масъулиятро эҳсос кунанд, бовар дорам, ки ҳатто дар шароити хеле сахти зимистон ҳам дар роҳу нақлиёт мушкиле ба вуҷуд намеояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”



Санаи нашр: 27.01.2026 №: 16