САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА. ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛЕ, КИ ЗЕБОӢ МЕОФАРАД
![]()
![]()
26-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳал маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо – “Сайри гули лола” баргузор шуд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, нахуст, намоиши гулҳо ва ҳунарҳои мардумиро, ки дар саҳни Театр ташкил шуда буд, тамошо карданд.
Сулаймон Зиёзода зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ, аз ҷумла гуфт: “Фестивали “Сайри гули лола” бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳаштум баргузор шуда, он ба дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон мусоидат хоҳад кард”.
Зикр шуд, ки бунёди гулбоғу гулгашт барои мардуми тоҷик падидаи тоза набуда, ҳанӯз дар замонҳои қадим гузаштагони мо дар қасру кушкҳо, ҳунармандон дар сӯзаниву гилем, пероҳани чакан, кандакорӣ, гилкорӣ ва санъати рассомӣ гул ва зебоии онро таҷассум мекарданд ва мардуми шаҳру деҳот дар боғу гулгашт, кӯчаву манзили истиқоматии худ ҳамеша гул мекоштанд ва ба гулпарварӣ машғул буданд. Боиси ифтихор аст, ки ин анъанаи неки гузаштагонро сокинони мамлакат дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё намуда, барои тарғибу рушди он пайваста кӯшиш менамоянд.
Фестивал аз рӯйи 10 номинатсия натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ қадр шуданд. Аз ҷумла, Шоҳҷоизаи Фестивал насиби шаҳри Душанбе гашт. Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, дар мавсими имсола дар пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гул шинонда шуд.
Ҳамин тариқ, дар номинатсияи “Вилояти беҳтарин” Суғд ҷойи якум, Хатлон зинаи дуюмро касб карданд. Бохтар, Бӯстон, Турсунзода дар номинатсияи “Шаҳри беҳтарин” се ҷойи аввалро сазовор гаштанд. Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Данғара ва Мастчоҳ беҳтарин ноҳия дониста шуданд. Дар номинатсияи “Шаҳраки беҳтарин” се ҷойи аввалро мутаносибан ҷамоатҳои шаҳраки Бобоҷон Ғафуров (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Левакант (шаҳри Левакант), Шарора (шаҳри Ҳисор); дар номинатсияи “Деҳоти беҳтарин” бошад, се зинаи аввалро ҷамоатҳои деҳоти Абдулло Абдулвосиев (шаҳри Ваҳдат), Баҳор (ноҳияи Файзобод), Кабуд Сайфиддинов (ноҳияи Панҷ) мушарраф гардиданд. Деҳаҳои Варзобқалъа (Варзоб), Ҷавонӣ (Шаҳринав), Исмоили Сомонӣ (Хуросон) – беҳтарин деҳа, маҳаллаҳои Истиқлол (Гулистон), Обшорон (Ҷайҳун), Ватан (Ваҳдат) беҳтарин маҳалла дониста шуданд. Дар номинатсияи “Беҳтарин Боғи фарҳангу фароғат” Боғи устод Рӯдакии пойтахт ҷойи аввалро гирифт. Зинаҳои дуюму сеюм насиби Боғи фарҳангу фароғати “Хуталон”-и шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд”-и вилояти Суғд гашт. Гулгашти назди муҷассамаи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, гулгашти хиёбони Ваҳдати шаҳри Истаравшан ва Муассисаи давлатии “Қалъаи Ҳисор”-и шаҳри Ҳисор дар номинатсияи “Гулгашт ва хиёбони беҳтарин” ғолиб эълон шуданд. Сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шодмон Халилов, сокини ноҳияи Мастчоҳ Фирдавс Зиёзода ва сокини ноҳияи Восеъ Илҳом Камолов беҳтарин гулпарвар эътироф гаштанд.
Ба ғолибон ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ тақдим шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
