ГУРУСНАГӢ ВА ОМИЛҲОИ АФЗОИШИ ОН ДАР ЧАҲОН

27 январ 2026, Сешанбе
11


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии мардуми сайёра иброз доштанд, ки соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт.
Ишораи Сарвари давлати мо ба ин масъалаи нигаронкунанда, ҳадаф ва моҳияти ба худ хос дорад, ки ақлҳои бедор онро хуб дарк мекунанд. Яъне, моро зарур аст, ки дар пасманзари омилҳои таҳдидкунанда ба гуруснагӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, содиқона заҳмат кашем то зиндагии пурнозу неъмати худро минбаъд низ ҳифз карда бошем.
Дар робита ба ин мушкилоти инсонӣ тасмим гирифтем, ки чанд омили афзоиши гуруснагӣ дар ҷаҳонро ба таври мухтасар пешниҳод созем, то қобили андеша бошад.


ЧАРО ДАР ҶАҲОН ЗИЁДА АЗ 670 МИЛЛИОН НАФАР ГУРУСНААСТ?
Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2025 беш аз ҳашт фоизи аҳолии ҷаҳон, тақрибан 673 миллион нафар аз гуруснагӣ азият мекашад. Ин дар ҳолест, ки сайёра барои таъмини беш аз 8 миллиард ғизои кофӣ дорад.
Бино ба арзёбии доираҳои таҳлилӣ ва коршиносони байналмилалӣ, низоъҳо, тағйирёбии иқлим, эъмоли таҳримҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар омилҳо дар паст гардидани вазъи зиндагии мардум ва афзоиши гуруснагӣ дар як қатор кишварҳои олам таъсиргузоранд.


НОУСТУВОРИИ СИЁСӢ
Низоъҳои мусаллаҳона дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон ба монанди Ховари Миёна, Судон ва Саҳрои Ғарбӣ истеҳсоли маводи ғизоӣ, занҷираҳои таъминот ва дастрасӣ ба бозорҳоро халалдор мекунанд. Зиёда аз ин, зарурати кӯчондани одамон ба минтақаҳои амн ба миён меояд, ки ин раванд норасоии маводи ғизоиро бештар мекунад.
Дар Гаити беш аз 5,7 миллион нафар, тақрибан нисфи аҳолӣ, ки бисёре аз онҳо аз сабаби задухӯрди мусаллаҳона хонаҳои худро тарк карда буданд, бо норасоии маводи ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Аз ин шумора, аллакай 1,9 миллион нафар дар ҳолати фавқулода қарор дорад.
СММ тавассути Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар минтақаҳои ноамн, ба аҳолӣ ёрӣ мерасонад. Ба мардуми зарардида тухмии зироатҳо, чорво ва васоили кишоварзӣ медиҳад, то онҳо тавонанд зироатҳои заруриро кишт намоянд ва ба ёрии дигарон камтар такя кунанд.


ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ ва гармшавии сайёраи Замин, ба фаъолияти деҳқонон халал мерасонад ва ҳосилнокии кишоварзиро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, дастрасии озуқаворӣ, махсусан дар минтақаҳои осебпазир, мушкилтар мешавад.
Чунончи, Сомалӣ, Судон, Судони Ҷанубӣ, Мали, Буркина-Фасо, Ҷумҳурии Демократии Конго, Нигерия ва Эфиопия бо норасоии шадиди озуқаворӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аз сабаби ноамнӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва биёбоншавӣ ба вуҷуд омадааст. Масалан, Сомалӣ илова бар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва кӯчондани аҳолӣ ба ҷойи бехавф, беш аз чор даҳсола мешавад, ки хушксолиро аз сар мегузаронад.


ХАЛАЛ БА ТИҶОРАТ ВА НОУСТУВОРИИ БОЗОР
Маҳдудиятҳои содиротӣ ва нархҳои ноустувори молҳо метавонанд бозорҳои озуқавориро заиф гардонанд ва боиси дастрасии камтар ва гарон шудани хӯрокворӣ гарданд.
Масалан, Бангладеш, Покистон ва Шри-Ланка бо ноустувории нархи маводи ғизоӣ мубориза мебаранд. Ин мушкилот аз сабаби номуайянии сиёсати тиҷоратӣ шадидтар мешаванд. Дар ниҳоят, ин раванд дастрасии мардумро ба маҳсулоти аввалияи озуқаворӣ маҳдуд мекунад. Дар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ, бахусус Бразилия ва Мексика, низ ин мушкилот ба назар мерасад.


Шодмон АБДУРАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 27.01.2026 №: 16