САДА. ҶАШНИ ПИРӮЗИИ НУР БАР ТОРИКӢ, ГАРМӢ БАР САРМО ВА НЕКӢ БАР БАДӢ
Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор рафта, дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин Ҷашн ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва некӣ бар бадӣ дар тули асрҳо дар зеҳну тафаккури мардум ҷойгоҳи устувор касб намудааст. Сада на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни андеша, худшиносӣ ва пайванди инсон бо неруҳои офариниш мебошад.
Тибқи маълумоти таърихӣ, Ҷашни Сада ба давраи салтанати Пешдодиён мансуб аст. Вожаи «Сада» маънои «сад»-ро дошта, ба шумораи рӯзҳо ва шабҳое ишора мекунад, ки то фаро расидани баҳор боқӣ мемонанд. Ин Ҷашн тақрибан 50 рӯз пеш аз Наврӯз, дар охири моҳи январ таҷлил гардида, бо омодагӣ ба мавсими нави киштукори баҳорӣ ва эҳёи табиат алоқаманд мебошад. Дар ин рӯз мардум бо афрӯхтани оташ, суруду рақс ва баргузории оинҳои суннатӣ гармӣ ва рӯшноиро истиқбол мегиранд.
Ҷашни Сада дар осори адабии классикӣ, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ҷойгоҳи махсус дорад. Дар қиссаи Хушанг зикр мешавад, ки подшоҳ ҳангоми бархӯрди санг ба санг ба кашфи оташ ноил мегардад. Ин рӯйдод оғози истифодаи оташ ва рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ маънидод шуда, дар фарҳанги мардумӣ ҳамчун оғози равшании маънавӣ ва пешрафти инсон арзёбӣ мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, бо дастгирии пайвастаи давлат эҳё ва густариш ёфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд: «Ҳифзи фарҳанги миллӣ, расму оин ва анъанаҳои мардумӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад».
Ин нукта гувоҳи он аст, ки ҷашнҳои миллӣ на танҳо ёдгории гузашта, балки василаи муҳими таҳкими худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ин замина, аҳамияти Ҷашни Сада боз ҳам бештар мегардад, зеро соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Ғояҳои асосии ин сол – созандагӣ, меҳнат, ободонӣ ва бедории маънавӣ бо мазмуну фалсафаи Ҷашни Сада ҳамоҳангии комил доранд. Афрӯхтани оташ дар Сада на танҳо нишонаи пирӯзии нур бар торикӣ, балки рамзи оғози кору заҳмат, ҳаракат ба сӯйи пешрафт ва бунёди зиндагии обод мебошад.
Эътирофи байналмилалии Ҷашни Сада ва соли 2023 шомил гардидани он ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО далели арзишмандии умумибашарии ин Ҷашн ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдод масъулияти ҷомеаро дар роҳи ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннатҳои миллӣ боз ҳам бештар менамояд.
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» Ҷашни Сада ба воситаи намоиши муваққатии осорхонавӣ ба тамошо гузошта шуда, барои муаррифии арзишҳои таърихӣ ва маънавии он шароити мусоид фароҳам меорад. Ин намоиш ба аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, имконият медиҳад, ки бо решаҳои фарҳанги ниёгон аз наздик ошно гарданд. Намоиши осорхонавии Ҷашни Сада ҳамчун як абзори муҳими фарҳангӣ на танҳо дониши таърихӣ медиҳад, балки эҳсоси ифтихор аз гузашта, худогоҳии миллӣ ва умед ба ояндаи созандаро дар қалби бинандагон бедор месозад.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент»
